ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

440

Дар ҷаҳони имрӯза рақобатҳои геополитикӣ байни давлатҳо афзуда, барои ба ҳадафҳои худ расидан аз ҷангҳои равонию иттилоотӣ бештар истифода мебаранд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи чораҳо оид ба такмили амнияти иттилоотии он ба амал бароварда шуданд. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон (аз 7 ноябри соли 2003 № 1176) тасдиқ шудааст, марҳилаи нави ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Дар асоси ин Консепсия Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст. Маҷмӯи ақидаҳои расмӣ оид ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Консепсия ифода шудааст, барои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти амнияти иттилоотии миллии ҷумҳурӣ ва таҳияи барномаҳои мақсадноки кишвар дар ин соҳа ҳамчун асос хизмат менамояд. Чорабиниҳои таъмини амнияти иттилоотӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад. Ин аз он ҷиҳат зарур аст, ки соҳаи иттилоотӣ омили ташкилкунандаи низоми ҳаёти ҷамъиятӣ гаштааст. Афзудани нақши соҳаи иттилоотӣ, ки ба ҷамъоварӣ, ташаккул, пахш ва истифодаи иттилоот, инчунин, низоми танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ҳол бавуҷудомадаро амалӣ менамояд, вобаста буда, он ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиа ва ғайра, ки амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд, фаъолона таъсир мерасонад. Манфиатҳои миллии кишвар аз манфиатҳои шахсият, манфиатҳои ҷамъият, манфиатҳои давлат иборат аст. Манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот аз татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дастрасӣ ба иттилоот, барои истифодаи иттилоот ба манфиати амалӣ шудани фаъолияти бо қонун манъ нашуда, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин, ҳимояи иттилооте, ки амнияти шахсиро таъмин менамояд, иборат аст. Манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот аз таъмини манфиати шахсият дар ин соҳа, пойдории демократия, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, комёбӣ ва пуштибонии ризоияти ҷамъиятӣ, тозагии маънавии Тоҷикистон иборатанд. Манфиатҳои давлат дар соҳаи иттилоот аз ташкили шароитҳо барои инкишофи мутаносиби инфраструктураҳои иттилоотӣ, барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтан ва истифодаи иттилоот бо мақсади таъмини мустаҳкамии сохтори конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини қатъии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва муфиди байналмилалӣ иборат мебошад. Дар асоси манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, вазифаҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул дода мешаванд.

Сарчашмаҳои таҳдид ба амнияти иттилоотӣ гуногун буда, аз ҷумла кӯшиши ҳарифони эҳтимолӣ ба маҳдуд намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, тезутундшавии рақобати ҷаҳонӣ барои ба даст овардани захираҳои иттилоотӣ-техникиро дар бар мегирад.

Моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» мафҳуми мазкурро чунин шарҳ додааст: «Амният ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад». Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати таъмини амнияти комил ва суботи сиёсӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, аҳли ҷомеа ва мақомоти дахдори таъмнкунандаи сулҳу амниятро аз таҳдиду хатарҳои ба он алоқаманд огоҳ менамоянд ва онҳоро барои барҳам задани омилҳои хатарзо даъват мекунанд.

Президенти маҳбуби мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид меамоянд: «Чунин мешуморем, ки идораи истифодаи Интернет дар сатҳи байналхалқӣ бояд дар асоси бисёрпаҳлӯӣ, шаффофият ва демократӣ, бо иштироки мақомоти идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ сурат гирад. Дар фаъолияти воситаҳои иттилоотии омма, пеш аз ҳама, бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастовардҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ ба роҳ монда шавад. Ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотӣ чун қисми таркибии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бояд ба амалигардонии талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таври муассир мусоидат намояд».

Атакуллаев У.И., мудири кафедрай забони руси барои факултетҳои ғаирифилологии ДМТ, дотсент