МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

125

Субҳи имрӯз (16.12.2023) дар Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар устодону кормандон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок карданд.

Дар он намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон, устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва устодони факултети филологияи руси донишгоҳ ҳузур доштанд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи дастуру супориши Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон ва нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ ҳар ҳафта рузи шанбе бо иштироки устодону донишҷуён ва сохторҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.