Муовини декан оид ба илм ва инноватсия

anora.machidzoda@mail.ru

+992 906552240

г.Душанбн, Буни Хисорак, бинои №10, утоқ:314 .

Маджидзода Аноргули Рахмонали

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия (н.и.ф., муаллими калон)

28 майи соли 1992 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2010 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Дӯстӣ таҳсил кардааст. Солҳои 2010-2014 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 21050200 – Филолог – «Забон ва адабиёти рус» таҳсил кардааст. Аз соли 2014 то 2016 дар магистратура аз рӯи ихтисоси 45.04.01 – Филологияи факултети филологияи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия дар шаҳри Маскав аз рӯи барномаи ДШ ИДМ таҳсил кардааст.

Аз сентябри соли 2016 то 2017 ассистенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии факултети филологияи руси ДМТ кор кардааст. Аз сентябри соли 2017 то январи 2018 ассистенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи руси ДМТ кор мекунад. Солҳои 2018-2021 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Моҳи сентябри соли 2021 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии факултети филологияи руси ДМТ ба кор шурӯъ кард.

1 апрели соли 2022 дар мавзӯи «Хусусиятҳои ивазшавии парадигматикӣ ва синтагматикии актуализатсияи префикси русии ПО- дар муқоиса бо забони тоҷикӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 20 асари илмию методӣ мебошад.

Аз октябри соли 2022 то ба имрӯз муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.