Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

Таърихи пайдоиши кафедра

Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ соли 2017 дар заминаи факултети филологияи рус ташкил шудааст. Бо Қарори ректори ДМТ аз 21 феврали соли 2017 таҳти № 55-6 номзади илмҳои филологӣ Тешаев Хаём Икромович (Икромзода Хайём Икром) ба ҳайси и.в. мудири кафедра таъин гардид ва 30.06.2018 тибқи озмуни ишғоли вазифа, мудири кафедра таъин гардид (то ҳол).

Кафедра аз забони русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи тарҷумонӣ омода мекунад. Ҳайати омӯзгорони кафедра курсҳои фундаменталӣ ва асосии таълимиро аз фанҳои «Тарҷумашиносии муосир», «Назария ва амалияи тарҷума», «Забони муосири рус», ки ба ҳамаи донишҷӯён ва магистрони ихтисоси «Назария ва амалия тарчума» таълим дода мешаванд, таъмин менамоянд. Ба ғайр аз курсҳои номбаршуда кафедра шумораи зиёди фанҳои махсусро дарс мегуяд, ки (махсусан дар сатҳи магистратура) мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки қобилияти зуд ва мустақилона азхуд кардани мундариҷаи илмию амалии курсҳо ва маълумоти иловагиро доранд, омода созад.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

Ҳайати омӯзгорони кафедра барои гузаронидани лексияҳо ва дарсҳои амалӣ заминаи хуби таълимӣ-методӣ ба вуҷуд овардаанд. Аз тарафи ҳайати омузгорон чунин китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, аз қабили «Тексты для сравнительного перевода (на материале русского и таджикского языков)» – Нағзибекова М.Б., «Толковый русско-таджикский словарь по переводу» – Нағзибекова М.Б., Мирзоева М.М., «Тексты для перевода с таджикского языка на русский» – М.Б. Нағзибекова, “Луғати тафсирии истилоҳоти таррумонӣ” – М.Б. Нағзибекова, М.М. Мирзоева, «Назарияи тарҷума (Dasturita’limӣ)» – М.Б. Нағзибекова, «Тарҷума ва балоғати сухан (ҷилди 1)» – Б. Камолиддинов, М.Б. Нағзибекова, «Тарҷума ва балоғати сухан (ҷилди 2)» – Камолиддинов Б., М.Б. Нағзибекова, «Луғати мўхтасари истилоҳоти тарҷумаи русӣ – тоҷикӣ» – Нағзибекова М.Б., Мирзоева М.М., «Особенности функционирования тематической группы слов со значением «животный мир» в русском и таджикском языках» – Х.И. Тешаев, «Муқаддимаи забоншиносӣ» Китоби дарсӣ барои гуруҳҳои тоҷикии ихтисосҳои филологӣ – Дудко Л.Н., Мирзоева М.М., Негматов С.Э., «учебное пособие по современному русскому языку (Морфология. Именные части речи)» Маҷидова Н.Х., Мирзоева М.М., Тешаев. Х.И., «синхронный перевод» Тешаев Х.И., Мирзоева М.М., Давлатов М.А., «Общепедагогические проблемы и научная методология по чтению для начальных классов (Методическое пособие)»- Нағзибекова М.Б., «Учебное пособие по русскому языку» – Нағзибекова М.Б. (бо ҳаммуаллифон) ва дигарон чоп шудаанд. Ин рўйхати китобҳои дарсии нашршуда аз иқтидори баланди илмию педагогии кафедра гувоҳӣ медиҳад.

Кафедра дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмию методии худ аз имкониятҳои ҳамкорӣ натанҳо бо дигар кафедраҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки бо кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиё низ васеъ истифода мебарад. Дар доираи барномаи табодули донишҷӯён, донишҷӯён ва магистрҳо барои 1 ё 2 семестр ба донишгоҳҳои дигар мераванд. Натиҷаи робитаи фаъол бо дигар муассисаҳои таълимӣ он аст, ки устодони кафедра дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Танҳо доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Нағзибекова М.Б. танҳо соли 2019 дар чорабиниҳои илмӣ-амалии зерин иштирок кардааст:

  1. ХIII Всероссийской научно-практическая электронная конференция с международным участием Язык. Образование. Культура: (Курск, 22-27 апрели соли 2019);
  2.  Международная научно-практическая конференция «Аксиологическая лингвометодика: мировоззренческие и ценностные аспекты в школьном и вузовском преподавании русского языка (к юбилею профессора А.Д. Дейкиной и ее научной школы) (21-24 марти соли 2019);
  3. Традиции и инновации русистики в культурном пространстве СНГ: состояние и перспективы (4-5 ноябри соли 2019, Кишинев);
  4. VI Международный педагогический форум «Русский язык и культура: взаимосвязи и взаимодействие». Сочи, 1-4 декабри соли 2019.

Фаъолияти таълимӣ:

Кафедра аз рӯи ихтисоси «Назария ва амалияи тарҷума» мутахассисҳоро омода мекунад. Дараҷаи ихтисос – дар зинаи бакалавр – тарҷумон, дар зинаи магистр – тарҷумон.

Кафедра кӯшиш мекунад, то донишҷӯён маълумоти босифат гиранд, ки ба талаботи шароити муосир ҷавобгу бошанд, натанҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ мутахассиси рақобатпазир гарданд. Барои азхудкунии донишҷӯён фанҳои ихтисосии тарҷумонӣ, аз ҷониби кафедра сикли фанҳои асосии зерин пешниҳод карда шудааст:

Бакалавриат

Фанҳои умуми-касбӣ:

1. Назарияи тарҷума.

2. Асосхои тарчумаи бадеӣ.

3. Ҷанбаҳои забоншиносии тарҷума.

4. Забони муосири рус.

5. Забони муосири тоҷик.

6. Забони англисӣ.

7. Забоншиносии умумӣ ва ғ.

Фанҳои ихтисосӣ:

1. Курси амалии тарҷума.

2. Тарҷумаи хаттӣ.

3. Тарчумаи шифохи.

4. Хусусиятҳои тарҷумаи матнҳои ҳуқуқӣ.

5. Тарчумаи матнхои ҷамъиятию сиёсӣ ва ғайра.

Магистр (шуъбаи рӯзона) самти «Тарҷумон»

Фанҳои умумиихтисосӣ:

1. Тарҷумашиносии муосир.

2. Мушкилоти тарҷумаи матнҳои соҳавӣ.

3. Таҳлили лингвистии матн.

4. Забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ.

5. Асосҳои муоширати байнифарҳангӣ.

Марказҳо, синфхонаҳо, лабораторияҳо:

Кафедра бо синфхонаҳои бо технологияи муосир: видеолексияҳо, слайдҳо, конфронсҳои видеоӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим заруранд, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:

Такмили ихтисос:

1. Собирова Фарзона Асомудиновна, №2252, 2019с.

2. Давлатова Алфия Саъдуллоевна, No3247, 2019

3. Тешаев Хаём Икромович, №4022, 2020

4. Ҳикматова Фарзона Каримҷоновна, №2353, 2022с.

Ҳамкории байналмилалӣ:

Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ бо шумораи васеи донишгоҳҳои марбута, факултетҳо, марказҳои илмии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ мекунад: Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск, Донишкадаи лингвистии Минск, Донишкадаи забони русӣ ба номи А.С. Пушкин ва дигарон. Ҳамасола омӯзгорони кафедра ба конфронсҳои байналмиллалӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он даъват шуда фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ, танҳо дар соли 2022 ду омӯзгори кафедра 4 маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафари корӣ доштанд.

Донишҷӯёни ихтисоси «Назария ва амалияи тарҷума» низ дар олимпиадаҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд. Масалан, соли 2021 5 нафар донишҷӯён (курсҳои 3 ва 4) дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд (Камолова Ш., Аҳророва З. – ҷои 2, Ашӯрова С., Сатторзода И., Куканбекова С. – ҷойи 3).

Донишҷӯи ихтисоси «Назария ва амалияи тарҷума» Аҳророва Земфира 3 маротиба дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ дар байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба туфайли фаъолияти пурсамари ҳайати омӯзгорони кафедра, ки ба тарбияи натанҳо тарҷумонҳо, балки донандагони хуби забони адабии рус низ иштирок намудаанд, 3 маротиба ғолиби ин олимпиада гардид (2019, 2021, 2022 – ҷойи 1).

Дар озмунҳо дар баробари донишҷӯён устодони кафедра низ ширкат меварзанд. Мудири кафедра дотсент Икромзода Хаём Икром (Тешаев Хаём Икромович) дар Озмуни олимони ҷавони давлатхои ИДМ иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардид. Ҳамчун ғолиби конкурс уро ба бозомузии дуҳафтаина ба Донишкадаи ба номи А. Пушкин (ФР) даъват намуданд ва аз 10.10.2019 то 25.10.2019 бозомузӣ гузаштанд. Соли 2022 дар озмуни Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, ғолиби номинатсияи илмҳои гуманитарӣ (илмҳои таъриху филологӣ) гардид.

Мудири кафедра

dalerjonti@gmail.com

Х. Рудаки, 17.

Икромзода Хайём Икром (Тешаев Хаём Икромович)

Мудири кафедраи «Тарчума ва муоширати байнифарханги», н.и.ф., дотсент

4 марти соли 1989 дар Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Солҳои 2007-2012 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Елетс таҳсил кардааст. Солҳои 2013-2014 дар вазифаи мутахассиси Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2014 ба аспирантураи ДМТ дохил шуда, соли 2016 рисолаи номзадиашро пеш аз мӯҳлат дифоъ кардааст. То соли 2017 ба ҳайси омӯзгори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи руси ДМТ кор кардааст. Соли 2018 барандаи озмуни байналмилалии «Олимони ҷавони кишварҳои ИДМ» гардида, бо дипломи дараҷаи 1 (ФР) сарфароз гардидааст. Соли 2021 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз шудааст. Соли 2022 дар пурнуфузтарин озмуни муҳаққиқон-олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ ширкат карда, ғолиби озмуни мазкур гардида, ва дипломи ғолиби озмунро шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон тақдим карданд. Аз соли 2017 то ҳол дар вазифаи мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии ДМТ кор ва фаъолият намуда истодааст.

mnagzibekova@mail.ru

(+992) 915 14 68 77

пр. Рудаки, 17.

Нагзибекова Мехриниссо Бозоровна

Д.и.ф., профессор

24 июни соли 1955 дар шаҳри Душанбеи ИЧШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 57-и шаҳри Душанберо хатм карда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Горкий ба номи Н.И. Лобачевский (ҳоло Нижний Новгород) дохил шуд. Солҳои 1977-1983 ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнй кор кардааст. Солҳои 1983-1986 аспиранти Донишгоҳи давлатии Горкий ба номи Н.И. Лобачевский (ҳоло Университети давлатии Нижний Новгород ба номи Н. И. Лобачевский) буд. Моҳи апрели соли 1986 дар Шӯрои диссертационии Донишгоҳи давлатии Горкий ба номи Н. Лобачевский дар мавзуи «Глагольные словосочетания с зависимым прямым объектом в русском языке (в связи с отражением их специфики в передаче таджикскими грамматическими средствами)» рисолаашро ҳимоя кардааст.

Солҳои 1986-1989 дар вазифаи муаллими калони кафедраи забоншиносии умумии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улугзода кор кардааст.

Аз сентябри соли 1989 то имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад: 1989-1992 дотсенти кафедраи забоншиносии русӣ ва славянӣ; 1992-1994 – мудири кафедраи забони русӣ ва забоншиносии славянӣ; 1997-2000 – докторант; Солҳои 2000-2002 дотсенти кафедраи филологияи рус; 2002-2007 – мудири кафедраи филологияи рус; 2007 -2015 – декани факултети забон ва адабиёти рус; Солҳои 2015-2017 профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ; аз соли 2017 то имрӯз профессори кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ мебошад. Соли 2000 дар Шӯрои диссертатсионии ДМТ дар мавзӯи «Проблемы исследования глагольных конструкций с зависимым объектом в русском и таджикском языках» рисолаи докториашро химоя кардааст. Дар форумҳо, конференсияҳо ва семинарҳои методӣ дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 10 монография, 50 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, 200 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст. Бо роҳбарии у зиёда аз 20 нафар рисолаҳои номзадй ва докторй ҳимоя кардаанд. Аз соли 2013 узви Ташкилоти асосии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таълими забони русӣ мебошад. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон (ордени «Шараф»-дарачаи 2), Ҷоизаи давлатии Русия (медали Пушкин, 2017) ва медали Пушкини Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони русӣ дорад.

shirinr@mail.ru

(+992) 918 392304

ш. Душанбе, к. БуниХисорак, ДМТ, бинои № 10, ошёнаи 3, факултаи филолгияи рус, кафедраи тарчума ва муоширати байнифарханги

Мирзоева Махин Меликовна н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

10 сентябри соли 1957 дар шахри Душанбе Чумхурии Точикистон таваллуд шудааст. Аз соли 1965 дар мактаби миёнаи № 12, шахри Душанбе тахсил карда, онро соли 1975 хатм кардааст. Соли 1975 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)-и факултаи забон ва адабиёти рус дохил шуда, ихтисоси «Забон ва адабиёти рус ва педагогика»-ро соли 1980 хатм кардааст.

Солҳои 1980-1981 лаборанти кафедраи лексика ва услуюшиносии Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон (ТПИРЯЛ) буд.

Аз соли 1981 то соли 1982 ассистенти кафедраи лексика ва услубшиносии Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон буд.

Солҳои 1982-1986 дар ҳамин кафедра ба ҳайси муаллими калон кор кардааст.

Солҳои 1986-1996 муовини декани факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон таъин шудааст.

Солҳои 1996-1998 дар вазифаи декани факултети забон ва адабиёти руси ДДЗТ кор кардааст.

Солҳои 2006-2008 дар вазифаи декани факултети забонҳои шарқи ДДЗТ кор кардааст.

Солҳои 2008-2016 мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи мукоисавии забонҳои ДДЗТ ба номи С.Улуғзод таъин гардид.

Солҳои 2016-2017 дар вазифаи дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳои факултети филологияи руси ДМТ кор кардааст.

2 феврали соли 2017 ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии ДМТ таъин гардид.

5 апрели соли 2017 аз вазифа озод гардида, дотсенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи руси ДМТ таъин гардид, ки ҳоло дар он ҷо кор мекунад.

Аз моҳи сентябри соли 2019 раиси ШИМ-и факултети филологияи рус ва аъзои ШИМ-и донишгоҳ таъин шудааст.

Солҳои 2001-2004 вакили халкии ноҳияи Сино-4 интихоб шудааст.

Соли 2007 бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқ» сарфароз гардидааст.

zuhra_2012@mail.ru

935741201

ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, ДМТ, бинои № 10, ошёнаи 3,факултаи филолгияи рус, кафедраи тарчума ва муоширати байнифарханги

ХоликоваЗухроКенчаевна

Н.и.ф., дотсент

12 декабри соли 1973 дар Муъминобод таваллуд шудааст. Солҳои 1980-1991 дар мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таҳсил кардааст. Соли 1990 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дохил шуд. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 оғоз кардааст. Дар мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Мӯъминобод муаллими забон ва адабиёти рус буд. Солҳои 1997-2003 дар вазифаи ассистенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ кор кардааст. Соли 2004 ба аспирантураи кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ дохил шуд. Соли 2017 ба докторантура дохил шуд. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмию методӣ, аз ҷумла 2 монография, 5 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Айни замон ба ҳайси дотсенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии ДМТ кор мекунад.

farzona.khikmatova@mail.ru

915 88 42 22

ш. Душанбе, к.БуниХисорак, ДМТ, бинои № 10,ошёнаи 3,факултаи филолгияи рус, кафедраи тарчума ва муоширати байнифарханги

Хикматова Фарзона Каримчоновна

Ассистент

17 январи соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2003-2014 дар мактаби миёнаи No90 таҳсил кардааст. Соли 2015 ба факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 ин факултетро хатм кардааст. Солҳои 2019-2021 магистранти ихтисоси «Назария ва амалияи тарҷума»-и факултети филологияи руси ДМТ буд. Аз моҳи октябри соли 2021 ассистенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

djuraevazinura@gmail.com

919069772

ш. Душанбе, к.БуниХисорак, ДМТ, бинои № 10,ошёнаи 3,факултаи филолгияи рус, кафедраи тарчума ва муоширати байнифарханги

Джураева Гулчехра Марибовна

Лаборанти кафедраи тарчума ва муоширати байнифарханги

17 марти соли 1999 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Солҳои 2006-2017 дар мактаби миёнаи №86-и шаҳри Турсунзода таҳсил кардааст. Солҳои 2017-2021 донишҷӯи факултети филологияи руси ДМТ буд. Аз моҳи ноябри соли 2022 ба ҳайси лаборанти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ кор мекунад.