Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типология мукоисавӣ

Мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ, доктори илмхои педагогика, дотсент Рӯзиева Лола Толибовна

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Бини Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, утоқи 301.

E-mail: akila.ru@mail.ru

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедра соли 1948 баробари шӯъбаи забон ва адабиёти русӣ назди факултети таъриху филология таъсис ёфтааст. Сараввал он кафедраи забони русӣ номгузорӣ шуда буд ва дар он аз ҳамагуна фанҳои забоншиносӣ дар факултети забон ва адабиёти рус ва ҳамчунин таълими забон ва адабиёти рус дар дигар факултетҳо ба роҳ монда шуда буд. Соли 1963 дар пояи кафедраи мазкур кафедраҳои забоншиносии русию ва славянӣ ва забони русӣ (умумидонишгохӣ) таъсис дода шуд. Солҳои 80-ум дар кафедра 8 нафар устод кору фаъолият дошт. Аз онҳо 7 нафар номзади илм: А. А. Бодрова,Т.Е. Горбачевский, В. Пометун – аз соли 1954, И. А. Филипповская аз соли 1952, П. А. Клубков, В.С.Ушаковский, М.В.Шамсиева, 1нафар ассистент ва баъдан дотсент Л.И.Степенкова буданд.
Мутахассисоне, ки дар солҳои гуногун дар кафедра фаъолият доштанд: Г.И.Коляда-доктори илмҳои филологӣ, профессор, яке аз мутахассисони шинохтаи таърихи чопи китоби славянҳои шарқӣ; номзади илмҳои филологӣ, дотсент С.Д.Арзуманов, донишманди лексикологияи эронӣ ва грамматикаи қиёсӣ; номзади илмҳои филология, дотсент А.К.Власов (солхои 1910 – 1982), аз соли 1957 то 1978 мудири кафедраи забоншиносии русӣ ва славяниро ба ӯҳда дошт, мутахассиси забоншиносии умумӣ ва славянӣ, таърихи забони русӣ; Б.И.Казаков – номзади илмҳои педагогика, дотсент, солҳои 1969-1972 мудири кафедра; номзади илмҳои филологӣ, дотсент А.А.Никольский (баъдтар мудири кафедраи Институти педагогии Рязан), мутахассиси таърихи забони адабии рус, синтаксиси нутқи шифоҳии русӣ.
Пас аз таъсисёбии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон факултети филологияи рус фаъолияти худро дар ДМТ қатъ кард ва кафедра фаъолияти минбаъдаи худро дар заминаи факултети филология идома дод (1996-2007). Роҳбарии онро д.и.ф., профессор Нағзибекова Меҳриниссо Бозоровна ба ӯҳда дошт.
Соли 2007 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети забон ва адабиёти рус аз нав таъсис дода шуд. Дар заминаи он кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ ташкил ёфт, ки роҳбарии онро д.и.п., дотсент Рӯзиева Л.Т.ба ӯҳда дорад.
Ҳоло кафедра бо чунин мутахассисони варзидаи худ ифтихор мекунад: доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Рӯзиева Л.Т.; доктори илмҳои педагогӣ, профессор Негматов С.Э.; номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентҳо: Ашмарина Л.В.; Нурматова Д.С., Бабаева Р.Н.; муаллимони калоне, ки собиқаи зиёди корӣ доранд: Маҳмудова Ф.К., Шарипова С.С. ва омӯзгори ҷавон Буранова З., ки дар тарбияи мутахассисони оянда – филологҳо ва муаллимони забон ва адабиёти рус саҳми арзанда мегузоранд.

Фаъолияти таълиму тарбия

Самти асосии фаъолияти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ аз тайёр намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус, тарҷумонҳои забони русӣ ба тоҷикӣ ва аз точикӣ ба русӣ.
Аз соли 2010 дар кафедра магистратура аз рӯи барномаи «Русский язык и литература», ки дорои иҷозатномаи (лисензия) Вазорати маориф ва илми ҶТ аст, фаъолият менамояд ва дар ҳамин сол тайёр намудани магистрҳоро дар донишгоҳҳои шабакавии ИДМ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия аз рӯи барномаи «Русский язык и литература» (Забон ва адабиёти рус) шурӯъ намуд.

Ҳайати профессорону устодон

Дар айни хол дар кафедра 8 нафар омӯзгор ва як лаборант кор мекунанд:
Рӯзиева Лола Толибовна – д.и.п., дотсент (мудири кафедра)
Негматов С.Э. – д.и.п., профессор
Ашмарина Людмила Владиславовна – н.и.ф., дотсент
Бабаева Рохат Наимовна – н.и.п., дотсент
Нурматова Дилбар Саидовна – н.и.п., дотсент
Шарипова Саодат Сайдулоевна – муаллими калон
Маҳмудова Фирӯза Қосимовна – муаллими калон
Буранова Зулфия – ассистент

Кори таълими-методӣ

Дар назди кафедра чунин маҳфилҳо фаъолият доранд:
Шӯрои илмию методӣ (ШИМ). Вазифаи асосии ШИМ аз гузаронидани санҷиши илмӣ ва илмию методӣ ва баррасии мусаваддаҳои корҳои илмию методии ба нашр тайёр шудаи кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинари методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо ва маълумотҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои соҳаи забоншиносӣ ва педагогӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Маърӯзагарон бо таҷрибаи бойи худ иштирокдоронро шинос ва дар бораи усулҳои самаранокии ташкили корҳои таълимӣ суҳбат меороянд ва бо адабиёти методии нав оид ба проблемаи пешниҳодкардашуда дигаронро шинос мекунанд.:
Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фарогири донишҷӯёни курси якуми факултетҳои гайрифилологӣ буда, аъзоёни маҳфил оид ба рӯзҳои ҷашн шабнишиниҳои мавзӯӣ баргузор менамоянд, лаҳзаҳои мусиқиву адабӣ ба забони русӣ шунавонида шуда, рӯзномаҳои деворӣ ба нашр мерасонанд.
Маҳфили илмии “Лингвист”, ки роҳбарии онро дотсент Бобоева Роҳат Наимовна ба уҳда дорад.

Кори илмӣ-таҳқиқотии кафедра

Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самти «Илмҳои филологӣ», дар мавзӯи «Забоншиносии умумӣ ва мукоисавӣ дар шароити ҶТ» сурат гирифтааст.
Натиҷаи кори илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра ба нашр расонидани монографияҳо, китобоҳи дарсӣ ва инчунин нашри мақолаҳои илмию методӣ дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мебошад, ки донишҷӯён барои тайёр кардани фишурдаҳо (рефератҳо), маърӯзаҳо, корҳои эҷодӣ ва санҷишӣ, корҳои курсӣ, кори хатмӣ, рисолаи дипломӣ ва рисолаи магистрӣ аз онҳо чун манбаъ истифода мекунанд.
Устодони кафедра ба китобҳои дарсӣ, монографияҳо, рисолаҳо, васоити таълимӣ ва методие, ки на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он низ нашр мешаванд, ба онҳо тақриз менависанд.
Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои тахассусии маъруф дар соҳаи забоншиносии умумӣ ва муқоисаи типологии кишвар маҳсуб ёфта, дар он муҳаққиқони ҷавон аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – муқоисаи таърихӣ, типолгӣ ва забоншиносии қиёсӣ рисолаҳои илмии худро муҳокима ва омодаи дифоъ мекунанд. Дар се соли охир дар кафедра чандин рисолаҳои илмии соҳавӣ муҳокима ва ба дифоъ пешбарӣ гардидаанд.

Осори устодон
Китоби дарсӣ ва васоити таълим:

Бабаева Р.Н. Русский язык для 10 класса средних общеобразовательных учреждений с таджикским языком обучения. Душанбе: Маориф, 2019. – 276 с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. Учебно-методические материалы для дистанционного обучения. Учебное пособие. Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. – 80с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. и др. Практический курс русского языка для филологических факультетов (издание переработанное) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Ходжиматова Г.М. Работаем самостоятельно: учебное пособие для студентов неязыковых специальностей. – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 168с.
Бабаева Р.Н. Современный русский язык (фонетика и лексикология) Душанбе, 2019 г. -156с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для юридических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для экономических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для медицинских и фармацевтических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для геологических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для биологических и химических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Рузиева Л.Т., Негматов С.Э., Ашмарина Л.В., Бабаева Р.Н., Шарипова С.С., Махмудова Ф.К., Буранова З.А. Методическое пособие по написанию курсовых и выпускных квалификационных работ – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 42с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. Русский язык. Образцы лингвистического разбора – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 88с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С., Махмудова Ф.К., Буранова З.А. Практический курс русского языка (2 часть) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 140с.

Ҳамкории байналминалӣ

Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ бо созмонҳо ва маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ҳамкории амиқ дорад. Дар кафедра донишҷӯён ва магистрҳои хориҷӣ корҳои илмиро омода мекунанд. Устодони кафедра пайваста осори худро барои маҷаллаҳои Россия ва ИДМ омода месозанд.