ВОХӮРӢ: ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕА

339

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вӯхӯрии намояндагони Прократураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо устодону донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих, фалсафа, механикаю математика, геология, филология, забон ва адабиёти рус, забонҳои Осиё ва Аврупо, журналистика, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ доир гардид.

Нишастро мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Н. оғоз намуда, афзуд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Хоҷамирзода Муслиҳиддин намояндаи Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки замони бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, то барои тарбияи насли солиму созанда, худшиносу худогоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем. Зикр гардид, ки танҳо бо риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва хиради азалии тоҷикона мо метавонем насли ватандӯсту сазоворро ба воя расонда, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав пешгирӣ намоем.

Дар анҷом оид ба масъалаи баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт.