ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

168

Дар доираи нақшаи кории самти тарбияи факултети филологияи рус санаи 20.10.2023 аз тарафи муовини декан оид ба тарбияи факултети филологияи рус Маҷидов Нодирҷон Фаррухович, эдвайзери факултети филологияи рус Одиназода Фарида Абдулваҳоб, куратори курси 1 – уми (ихтисоси 1 – 21050200 – забон ва адабиёти рус) Абдулҳақова Мавзуна ва корманди техникӣ Ҳасанов Мавлавӣ 80 нафар донишҷӯёни курси якуми (ихтисоси 1 – 21050200 – забон ва адабиёти рус) ва (ихтисоси 1 – 21050404 – назария ва амалияи тарҷума) ба “ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ” ҷиҳати ошно гардидан бо ёдгориҳои таърихии халқу миллати тоҷик сафарбар карда шуданд.

Тарбия намудани ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, худогоҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ вазифаи ҳар яки мо устодон мебошад. Донистани таърихи халқу миллати тоҷик барои ҳар як сокини кишвар қарз мебошад.

Маориф – яке аз соҳаҳои афзалиятнокӣ ҷомеа ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмиллалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дод. Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Дар баробари омӯзонидани таълим, илм тарбия намудани ҷавонон низ вазифаи ҳар яки мо устодон мебошад. Дар якҷоягӣ бо оила мо метавонем наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбият намоем.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе “ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ” кушода ба истифода дода шуд, ки тамоми сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонанд аз ёдгориҳои таърихии халқу миллати худ дидан намоянд. Мо ҷавонон бояд ба қадри заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат расида, марзу буми Ватан ва ёдгориҳои таърихии халқу миллати худро ҳифз намоем.

Ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, гузоштани заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллитамон мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифат, хушахлоқ ва дорои беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба души устодон омӯзгорон вогузор шудааст.

Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар як шахси масъули соҳаи маориф аз он иборат аст, ки барои таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузошта, рисолати устод ва омӯзгорро софдилона ва аз сидқи дил анҷом диҳад.

Падару модарони соҳибэҳтироми мо хуб дар хотир доранд, ки дар солҳои ҷавонии мо барои хонандагон ва донишҷӯён чӣ гуна мушкилоту маҳдудиятҳо вуҷуд доштанд. Вале, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, падару модарон фарзандони худро танҳо барои донишандӯзиву касбомӯзӣ ҳидоят мекарданд.

Бинобар ин, мо бояд дар донишгоҳ фазоеро фароҳам орем, ки падару модарон аз таълиму тарбияи ҳаррӯзаи фарзандон бохабар бошанд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва камолоти ҳамаҷонибаи донишомӯзонро танҳо бо роҳи ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар таъмин кардан мумкин аст. Яъне робитаи наздики падару модар ва аҳли ҷомеа бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, ҳам ба оила, ҳам ба ояндаи фарзандон ва ҷомеа манфиат меорад.

Бузургони мо фармудаанд, ки ,,Кӯдак дар назди волидайн эътибори амонатро дорад ва қалби поки ӯ ҷавҳари нафисе ҳаст, ки аз ҳар гунна нақшу тасвир холӣ буда, қобили қабули ҳар гуна нақш мегардад ва ба ҳар тараф, ки ҷалб шавад, майл мекунад ,,

Аз ин ҷо бармеояд, ки камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ӯ танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад, ки барои ноил шудан ба он волидайн бояд бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, ки фарзандашон таҳсил мекунад, ҳамкории хуб дошта бошанд.

Фарзанд меваи умри инсон, нерӯи дилу ҳаловати ҷон, номбардори падару модар аст. Аз ин рӯ тарбияи фарзанд ба зиммаи падару модар гузошта шудааст. Вақти он расидааст, ки фарзандони худро чунон тарбия кунем, ки фахри хонадон бошанд ва ба халқу Ватан манфиат расонда, аз худ чизе боқӣ гузошта тавонанд.

Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,

То тавонӣ, ин самар бо рангу бӯи хуш расон.

Хулоса, сафарбар намудани ҷавонон ва наврасон ба чунин мавзеъҳои таърихӣ ба таълимоти маънавии ҳар як донишомӯз таъсироти хубе мерасонад.