ШАРАФИ ВАТАНДОРӢ ВА ЭҲСОСИ САРБАЛАНДӢ

217

Халқи тоҷик саҳифаҳои саршори ифтихори миллӣ ва ахлоқию маънавии хешро ба оламиён дар масири таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи хеш пешниҳод карда, халқи меҳнатдӯст, соҳибилм ва фарҳангофар будананашро борҳо собит намудааст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки фарзандони ин миллати бузург соҳиби ору номуси баланд, ифтихори ватандорӣ ва меҳанпарастӣ буда, дар ҳама гуна давру замон барои тантанаи асолатҳо ва рисолатҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузоштааст.

Мусаллам аст, ки ифтихори баланд аз худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандустӣ, ҳисси худогоҳӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дустӣ ва рафоқат, дурӣ гузидан аз унсурҳои ҳиёнат ва макру фиреб ба давлату ватан аз рисолатҳои барҷастаи ҳар як фарди поквиҷдон ва ҳалолу пок маҳсуб меёбад. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбориҳои зиёд паси сар намуда, дар густариш ва рушду нумӯи давлати соҳибистиқлол ҷонфидоӣ кардаанд.

Имрӯзҳо ба шарофати хидматҳои асил ва наҷиби фарзанди фарзонани миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯ ба ҷониби кишвари мутараққӣ гузошта, махсусан дар даҳсолаи охир ба пешравиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ноил гардид. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аз он иборат аст, ки дастоварҳои мавҷударо чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушду такомули кишвари маҳбубамон монда нашуда, содиқонаву устуворона меҳнат кунад.

Дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи ҷавонон дар рӯхияи баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ маҳсуб ёфта, аз падару модар, устоду мураббӣ ва ҳар узви солими ҷомеа зиракӣ, ҳушёрӣ ва хислатҳои баргузидаи муҳаббатро ба диёру меҳан ва ҳар як порчаи замини муқаддаси тоҷикон дар ботини насли наврас ва хусусан ҷавонон ташаккул ва парвариш диҳанд.

Махсусан ҷавононро азгаравидан ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти зишти падидаи ғайриинсонӣ ҳушдор ва огоҳ сохта, онҳоро дар партави масъулиятшиносӣ, ҳимояи ҳар як порчаи замини падарон ва модарон, гузаштагон ва ояндагон раҳнамун сохта, рӯ ба ҷониби амалҳову кирдорҳои некҳидоят намоянд.

Президенти мамлакат, асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмиллал ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дунёро аз хатари вусъатбахши терроризм ва ифротгароӣ ба насли башар ва абнои одам таъкид намудаанд. Соли 2011 мавриди суханронӣ дар иҷлосияи байналмиллалии мубориза бо терроризм дар Эрон сарвари муаззами кишварамон чунин изҳори ақида намуданд: «Терроризм имрӯз беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст».

Дар марҳилаи кунун мо шоҳиди онем, ки вазъи муташанниҷи аъмоли террористӣ ва ифротгароӣ дар ҷаҳон паст нагардида, дар минтақаҳои гуногуни дунё беш аз пеш меафзояд. Гуруҳҳои экстремистӣ ва террористии ба ном «Давлати исломӣ» зери ниқоби ҳомиён ва ҷонибдорони Хилофати ислом хуни бегуноҳи садҳо ҳазор пиру ҷавон, зану мардро ба хок яксон намуданд. Ҳомиёну сарпарастони онҳо, давлатҳои абарқудрати Ғарб дар симои АмрикоПокистон, Туркия яроқбадастонро бо аслиҳаву лавозимоти ҳарбиву ҷангӣ таъмин намуда, барои вайрон кардани зиндагии осоиштаи мардуми таҳҷо хидмати хирсона ба ҷо меоранд.

Идеологияи хавфноки ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ беш аз пеш ба сафи худ тарафдоронро аз гӯшаву канори гуногуни дунё, минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заифу нокомил ҷамъ намуда, ба фаъолияти доманадори хеш хусусият ва услуби байналмиллалӣ медиҳанд. Ширкати намояндагони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣдар ҳайати силоҳбадастони ғаддору хиёнатгар борҳо собит шудааст. Таассуф, ки бино бар ахбороти мӯътамад дар байни онҳо бархе аз шаҳрвандони мо низ ба гурӯҳи қотилон шомиланд ва ниятҳои қабеҳро дар дил мепарваранд.

Кулли қотилон ва мунодиёни мафҳуми ба ном озод кардани кишварҳо ба номи поки ислом иснод оварда, дар роҳи қатли ом аз ягон роҳу усули одамкушӣ ва куштори пурдаҳшат даст намекашанд. Киҳоанд онҳо? Посух аз мантиқ дур нест. Онҳо бидуни шубҳа хиёнаткорони ватан, фаъолониамалҳои ҷиддии зиддиинсонӣ, қотилони хунхор,аҷноси нопоку ҳароманд, ки зиндагии осоиштаи хешро ба ҳаёти ҷангҷӯёнаву куштор, рузгори пур аз ташвишу мағал ва изтиробу ҳаяҷон бадал намудаанд. Хуб медонанд, ки ҷанг миёни инсонҳо оташангехтан аст, аз ин ҷанги пурситам ва ҷабру ҷафои даҳр ҳазорон нолаву фиғон аст.

Мусаллам, ки барои чунин тоифа роҳи халосу сафедшавӣ нест. Онҳо дар ниҳояти кор ба ҷузъ ба ғуссаву аламфурӯ рафта, ҷони азизи худро пеши марги ногузир гузоштан илоҷи дигар надоранд.Эмин шудан аз ғазаби Худо ва чашми оламиён барояшон ноимкон аст, ҳарчанд кӯшиши пинҳон шуданашон монанди ғӯтазании моҳиён дар об аст.

Мутассифона, терроризм шаклҳои мухталифиҷиноятҳои фаромиллӣ, аз чумла, гардиши ғариқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фуруши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ касб кардааст. Чунонки Президенти мамлакат дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, «қочоқи маводи мухаддир аз манбаҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористӣ шудааст».Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки муборизаи қотеъ бар зидди падидаҳои даҳшатовар ва ташвишангез иқдомоти дастҷамъонаи аҳли ҷомеаро тақозо менамояд ва ба дарёфти роҳу усули решакан кардани ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои терроризм ва ифротгароӣ, ки аз амалҳои зиддиинсонист, даъват менамояд.

Мусаллам аст, ки дар раванди таълиму тарбияти насли наврас, ҷавонону толибилмон масъалаи мазкур бо тамоми ҷиддият ва масъулият ба маърази муҳокима гузошта мешавад. Дар ин бобат тарғибу ташвиқи ғояҳои олии ватандустӣ, механпарварӣ, азму суботи комил дар самти омӯзиши илму ҳунар, касбу кор аҳамияти мухим пайдо менамояд.

Имрӯзҳо зарур аст, ки ба даъватҳо ва гуфтаҳои пурқимати гузаштагонамон – бузургони илму адаб гӯши шунавоандозем. Онҳо андарз медиҳанд, ки боидрок, босубот ва меҳнатдӯст бошем, барои ба даст овардани ризқу рӯзии ҳалол кӯшиш намоем, рушду нумӯи касбу кор ва таъмини зиндагии осудаю бобаракатро роҳандозӣ намоем. Бо таъбири шоир:

Касби камол кун, ки азизи ҷаҳон шавӣ,

Кас бе камол ҳеҷ наарзад, азизи ман.

Дар ҳошияи суханҳои боло дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбии махсус ва олии мамлакат пайваста ва мунтазам ба роҳ мондани дарсҳои тарбияту парвариш дар самти вусъати ташаккули шуури сиёсӣ ва маърифатӣ-маънавии хонандагон ва донишҷӯён муҳим ва зарур шуморида мешавад. Нерӯи дарк кардани ҳисси муҳаббат ба халқу ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси Ватан, таҳкими сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдати миллӣ аз омилҳоеанд, ки насли наврас ва ҷавонони кишварро ба ҷониби ахлоқи ҳамида ва бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозад.

Саъдӣ фармудааст, ки «адаб аз беадабон омӯхтаанд». Ба андешаи мо, дар соатҳои тарбиявӣ намоиши наворҳое, ки аз ҷониби террористон қатлу куштори кудакону калонсолон, занону духтарон ва умуман одамони бегуноҳ, оташ задани хонаҳо, биноҳои маъмурӣ, фарҳангиву маърифатӣ, иншоотҳои хоҷагии халқ ва амсоли он ба амал омадааст, нафрати хонандагону донишҷӯёнро ба рафтору кирдори ғайриинсонии афроди нопок афзун мегардонад.

Ҳамчунин ташкили дарсҳои беруназсинфӣ дар заминаи хониш ва таҳлили порчаҳои насру назм аз эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик бағоят муассир менамояд. Махсусан қироати достонҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, таҳаммули андешаҳои ҳакимонаву хирадмандонаи шоири шаҳири ватандуст ва ватанпарвар аз омилҳои манфиатбахши канорагирӣ аз хислатҳои даҳшатнок ва низоъталаб буда, ташаккули насли наврасро дар руҳияи одаму одампарастӣ, дӯстиву рафоқат таъмин месозад. Ҳакими бузург танин меандозад:Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,Зану кудаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин гуфтаҳои шоири ватандуст дар хотири наврасон мустаҳкам ҷой ёфта, байрақи меҳандустиву ватандориро баланд мебардорад.Зарурати тарғиби ғояву фалсафаи башардустӣ дар раванди таълиму тарбият, аз хурдсолӣ ба насли наврас омузонидани фарқи некиву бадӣ, муҳаббату хиёнат, меҳрубониву разолат, одамдустиву инсонбадбинӣ аз муаллиму мураббӣ азамату ҳимматро тақозо менемояд. Имрӯзҳо зарурати талқини фалсафаи сулҳу субот, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ, ҷаҳонбинии гуманистиӣ ва инсонпарастӣ, тантанаи адолат ва ҳуқуқи озоди зиндагӣ ва умр ба сар бурдани одамони Сайёра ба рисолат ва вазифаи муҳим табдил меёбад. Он беш аз пеш ҳалли худро дар симои созмонҳои баландпояи умумиҷаҳонӣ, амсоли Созмони Миллали Муттаҳид ба миён мегузорад. Ба асри 21 қадам гузоштани инсоният на ба хотири куштору ҷангу мухолифатҳо, балки барои расидан ба орзу ва ормонҳои азалии абнои башар бояд сурат гирад.

Таманно мекунем, ки бераҳмони ҷаҳон бар сари раҳм биёянд ва сулҳу суботро шиори ҳамарӯза қарор диҳанд, то бошад, ки мардуми олам дар муҳити орому осудагӣ умр ба сар баранд.

Тарғиби ғояҳои миллӣ дар роҳи солим гардонидани афкори иҷтимоӣ ва башардӯстии насли наврас, парваридани хислатҳои баргузидаи арзишҳои инсонӣ, шараф ва шарафмандӣ хидмати беқиёс ва беғараз дорад. Пас, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳи кадом ормонҳо тарбият намоем, то баъди ба камол расидан ҳамеша ба роҳи рост қадам гузоранд. Бешубҳа, суоли зерин дар заминаи вазифаҳое, ки дар назди муассисаҳои таҳсилот ва ҷомеа меистанд, ҷавоби мушаххасро тақозо мекунад. Яке аз корҳои ҳаррузаву ӯҳдадории мушаххасташкили тарбияти шоистаи фарзандон дар муҳити хонавода маҳсуб меёбад.Мактаб ва оила дар ин машғала бояд пешдастӣ намоянд, зеро ба гуфтаи шайх Фаридаддини Аттор:

Ту фароғат ҷӯй андар машғала,

Чун наёбӣ, бар ту афтад валвала.

Ба андешаи мо ба насли наврас аз давраи мактабхонӣ талқини ору номус, эҳтироми давлату миллат, гиромӣ доштани забон ва адабиёти модарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Инро вазифаи азалӣ ва масъулияти омӯзгор ваҳайати педагогии муассисаҳои таҳсилот меҳисобем, чун дар мавриди гиромидошти ҳаққи ватану миллат ормонҳои некният шуда бошад. Дар ин бобат махсусан падару модарон сари андешаи солим қарор бигиранд. Фаромӯш накунем, ки падидаҳои нахусти тарбият, муҳаббат ба ватани азиз, ба забон ваадабиёти модарӣаз хонавода шурӯъ мешавад.

Дигар масъалаи муҳим насли наврасро ба корҳои манфиатнок, тарбияи меҳнатӣ, варзиш ва амсоли он ҷалб кардан аст. Робитаи тарафайни мактабу хонавода дар бобати гирифтани пеши роҳи гаравидани насли наврас ба ҳар гуна ҷамъиятҳову маҳфилҳои ғайриқонунӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст. Самти машғулият ва фаолияти мактабиён ва донишҷӯён дар назорати ҳам муассисаи таҳсилот ва ҳам хонавода бояд бошад.

Беҳтарин ва самараноктарин кор дар ин самт ба китобхонӣ ҷалб шудани ҷавонону наврасон аст. Дониш аз хониш гуфтаанд. Ва ҳар касе, рӯ ба китоб меоварад, бешубҳа, соҳибилм ва соҳибхирад мешавад. Вусъати донишу малака, ташаккули ахлоқиву маънавӣ намегузорад, ки ҷавонон ва наврасон ба корҳои ношоиста машғул шаванд. Одами китобхон ва соҳибилмро ягон амали ношоиста ва ё неруву ҳаракати ғайриқонунӣ наметавонад беҷову бепо кунад. Баръакс, бесаводӣ, ниёз доштан ба «меҳрубониҳои» моддӣ вақути ройгон ҷавононро гумроҳ мекунад. Дар ниҳояти кор «тарки одат амри маҳол мешавад».

Андешаи он, ки ҷавонон дар фазои илмомӯзӣ, сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва рафоқат зиндагӣ дошта бошанд, чизи нав нест. Идеологияи миллии давлати Тоҷикистон парвариши хислатҳои наҷиби инсонӣ, ахлоқи намунавӣ, содиқ будан ба ватани маҳбуб, байрақ, парчам ва амсоли онроталқин менамояд. Зиёда аз ин, самтхои афзалноки фаъолияти мактабу маориф, хонаводаву чомеа бо ин масъала робитаи қавӣ дорад. Дар ин бобат тақвият бахшидан ба корҳои тарғибу ташвиқи рисолатҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, гирифтани дасти нодору афтода, таъмини сулҳу субот ва корҳои ободиву созандагӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Ба ҷавонону наврасонимактабхон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ дарки моҳият ва мафҳуми «сулҳ», «ватандорӣ», «механпарастӣ», «ягонагӣ», «ваҳдат», «дӯстӣ», «рафоқат» ва монанди ин мисли нону ҷон ва обу ҳаво зарур аст. Талқини ғояи «ватанро дӯст доштан» ҳамон маҳбубиятест, ки шарафи инсонро таҷовузнопазир мегардонад. Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳех,

Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Асолату наҷобати меҳанпарастӣ дар муқоиса бо унсурҳову мафҳумҳои «ҷангу ҷидол», «ғорату куштор», «дуздиву беномусӣ», «тороҷу толон» ва амсоли он ҷавонону наврасонро ба ҷониби рафтору аъмоли ҷавонмардона мебарад. Бузургии тарбият низ дар он аст, ки роҳи нек ва роҳи бад дар муқоиса дарк мегардад ва шунаванда яқин мекунад, ки ба роҳи ҳикмату раҳмат даромадан беҳ аз роҳ ёфтан ҷониби тороҷу толон ва нобуд кардан.

Оқибати кори бад нек набувад, чунонки мусаллам аст:

Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,

Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.

Солҳои охир баъди хатми мактаб аксари ҷавонон бе омодагӣ дар самти забондонӣ, таҷрибаи рӯзгор, шуғли муайян ва касбу кор ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Надонистани забон ва фарҳанги миллии кишвари бегона боиси сар задани мушкилот, бадбахтӣ ва бесару сомонии ҳамватанон мегардад. Душвориҳои силсилаомезу пайваст рӯз ба рӯз ҷавононро раҳгум месозад ва бархе барои аз ҳолати вазнин баромадан пойба ҳар гуна кӯчаву кӯймегузоранд. Аз назорат берун мондаву бахт аз таваккал гӯён ба гуруҳҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд.

Чаро падару модарон ҷавонони нав мактабхатмкардаи 17-18 сола ва бетаҷрибаро иҷозати сафари меҳнатӣ кардан ба мамлакатҳои дур медиҳанд? Чаро наздикон, хешу табор ва атрофиён дахолату таъсир расонида наметавонанд? Чаро ба онҳое, ки забони кишвари бегонаро қариб тамоман намедонанд, иҷозати сафари меҳнатӣ ва ҷалои ватан дода мешавад. Магар бузургони мо нагуфтаанд: «Дар замини дигар осмони дигар нест»? Кӣ ин масъалаҳоро ба ӯҳда мегирад ва назорат менамояд?Кафолати он, ки чавонон бероҳа намешаванд, ба дӯши кӣ хоҳад буд? Суолҳо, бешубҳа, зиёданд ва ҳар як узви ҷомеа, аз хурд то калонсол, дар партави садоқат ба кори халқу ватан, ободии кишвар, ҳифзи ҳар як пораи хоки муқаддаси меҳан бояд талош варзад.Ҷаҳоне, ки зиндагӣ дорем, аз ҳама гуна унсурҳои даҳшат ва ваҳшат, разолату размҷӯйӣ, таҳдид ва куштор озод бояд бошад. Онро ба ҷаҳони озодиву ободӣ, хуррамию нишот табдил дод. Баҳри татбиқи инрисолат ва иқдомоти пуршараф фарзанди фарзонаи миллат ва вориси сазовори ватан бояд буд. Аз ҷавонони шоистаи кишвар, ки сарвари мамлакат, волидону ҷомеа аз онҳо умедҳои калон доранд, дар майдони набарди меҳнату субот қаҳрамонӣ ва ҳунарнамоӣ тақозо мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки шууру тафаккури ҳар як фарди ҷавони баору номуси миллатробоандешаҳои солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ободкорӣ ташаккул бояд дод.Мебояд, ки дар хусуси хислатҳои наҷиб, амсоли мардонагӣ дар роҳи ҳифз ва ободии ватан, ҷавонмардӣ ва футувват бештар саҳм бояд гузошт, то ки кишвари азизи мо – Тоҷикистон ҳамчун мамлакатинамунавӣ, сулҳдӯст ва раийятпарвар обрӯ ва нуфузи тоза пайдо кунад.

Мухаметов Г.Б., Неъматов С.Э., Рӯзиева Л.Т., профессорони ДМТ