РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНШАВӢ

423

Бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва самтҳои рушди сифати таҳсилот дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо назардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид.

Видиоконфронси онлайнӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз гардид. Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як муассисаи таълимӣ баланд бардоштани сифати таълим мебошад.

Дар ҷараёни конфронс маърӯзаҳо аз намояндагони донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон пешниҳод гардид. Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои судманди донишгоҳҳои ҳамкор табодули афкор намуданд.