ОМӮЗГОРОН ВА ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ШИНОХТИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

206

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад..

Лоиқ Шералӣ

Сулҳи деринтизори мо фаро расида, мубаддал ба ҷашни бузург-Ваҳдати миллии Тоҷикистон гардид.Ҷашне, ки ҳоло 26-умин солгарди он дар гӯша-гӯшаи Тоҷикистони азизамон тантана дорад.Ҷашне, ки онро метавон тантанаи муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллати бузурги тоҷик унвон кард.Шоҳкории Ваҳдати миллӣ дар он аст, ки бо расидани пайкаш Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комил гардида, озодӣ ва сарҷамъӣ ҳамчун неъмати бебаҳо аз ҷониби мардуми мамлакат шинохта шуд.

Сулҳу ҳамдилӣ мамлакати моро табдил ба ватани баҳор кард.Бесабаб нест, ки “Сулҳ баҳорест, баҳор оварад” мегӯянд.

Ба Ваҳдати миллӣ расидан сабаб гардид, ки ҳар як намояндаи касбу кори гуногун дар Тоҷикистон рисолати худро бишносад.Машғулияти худро ба унвони масъулият ватандорӣ бипазирад.Ба шарофати шинохти мафҳуми Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо касбият дар кори аҳли заҳмат ҳамаҷониба рушд намуд.Ҳар фарде талош дорад, ки пешаи худро дуруст бишносад ва ба таври ҳирфавӣ устоди кори худ бошад, то заҳматаш ба комил гаштани Ваҳдати миллии Тоҷикистон сабаб гардад.

Муҳимтар аз ҳама ҳар сокини Тоҷикистон миёни чаҳор гӯшаи мамлакат тафовуте қоил намегардад.Номи шуми маҳалгароӣ аз хотирҳо зудуда шудаву шаҳрвандон худро мансуби як мамлакат-Тоҷикистон медонанд.Ба қавли суруди маъруф ҷумларо “аз ҳамаи ҷои Тоҷикистон” метавон дарёфт.Ватандорон қурбони вафои Тоҷикистонанд.Мардуми шарифи Тоҷикистон ин порашеърро дар мағз-мағзи ҷони хеш ҷо додааст:

Аз маҳалбозии мо миллат ба иллат мерасад,

Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо.

Тоҷикистон ватани ваҳдату якдилӣ ва якмаромист.Новобаста аз касбу кор ватандоронро маром як аст: таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон.

Агар падару модар дар муҳити оила боиси сарҷамъию ваҳдати хонавода шаванд, омӯзгорон дар боргоҳҳои таълимӣ ба тарбияи эҳсоси шинохти Ваҳдати миллӣ дар вуҷуди насли ояндасози Тоҷикистон-наврасону ҷавонон камари ҳиммат бастаанд.

Худ дар як синфхона ба ҳам овардану дарс гуфтани теъдоди зиёди донишомӯзон қудрату тавони омӯзгор дар ҷодаи талқини Ваҳдати миллист.Дарси омӯзгор сабаб мешавад, ки донишомӯзон ба ҳам рафоқат меварзанд, ҳамдилӣ ва якмаромӣ дар синфхона тантана менамоянд.

Дарси омӯзгор ва ҳарфу гуфтори ӯ ҷозибае дорад, ки талабгорони илмро барои омӯхтани маърифату касб ба ҳам муттаҳид месозад.Панди маърифатафрӯзи омӯзгор аст, ки ҳазоронро соҳибкасб кардаву дар муҳити коргоҳҳо баҳри якдилона хидмат кардан ба Ватан канори ҳам овардааст.

Дарси ватанпарастонаи омӯзгорон аст, ки имрӯзҳо садҳо ҷавон ихтиёран унвони пуршарафи сарбози Ватанро гирифта, марзи бобоиро ба ҷон ҳифз менамоянд.

Омӯзгоронанд, ки меросбарони асосии миллати соҳибхиради тоҷиканд.Панди бузургон дар ҷодаи дарси инсонӣ, махсусан талқину тарғиби Ваҳдати миллӣ дастурамали омӯзгорони Тоҷикистон гаштааст.

Бешак, ҳар омӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ баҳри дар вуҷуди толибилмони хеш ҷо кардани эҳсоси шинохти Ваҳдати миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷаҳонӣ аз панди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки “..ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” истифода мебаранд.

Ҷуз, ин суханрониҳои пурмуҳтаво ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ироаи машғулиятҳои тарбиявӣ омӯзгорони моро панди бузурги ватандорист.

Ҳамин шаҳомати омӯзгор аст, ки Пешвои муаззами миллат “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам” гуфтаанд.

Ҳамин таъкиди хос пеш аз ҳама якмаромиро дар кори омӯзгорон тақвият бахшидааст ва онҳоро барои барои талқину тарғиби Ваҳдати миллии Тоҷикистон дилгарм кардааст.

Мутмаинем, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ омӯзгорони мо рисолати тарбиятгарии худро дар самти баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии наврасону ҷавонон сарбаландона анҷом медиҳанд.

Ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Шосафарова Гулнора, номзади илмҳои филологӣ, донтсент, мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филолгияи русси ДМТ