КИТОБ – ГАНҶИНАИ МАЪРИФАТ

1366

Мулоҳизаҳо дар робита ба ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ

 Таҷрибаи рӯзгор ва андарзҳои бузургон моро ҳушдор медиҳад, ки инсон дар ҳамаи давру замон ниёз ба хондан, омӯхтан, дониш андӯхтан, тавонистан ва эҳтиёту ҳифзи арзишҳои маънавиро дошт. Дар ин бобат суханони устод Рӯдакиро ба ёд меорем:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд дар роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳамебингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Китоб беҳтарин ганҷинаи олами маърифат ва хирад аст. Маҳз китоб инсонро ба мартабаҳои баланди шинохти хеш, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш раҳнамоӣ мекунад. Вале асрори китобхонӣ, амиқу равшан фаҳмидани чизи хонда, ба маънӣ сарфаҳм рафтан ҳунари волост.

Чаро бархе аз мутолиаи китоб кулли нозукиҳо ва тобишҳои маъноии калимаву ибораҳоро пай мебаранд, маъниҳои ниҳонёфтаи байни сатрҳоро барои хеш боз мекунанд, зебогӣ ва нафосати баёни афкори баландпарвозро эҳсос менамоянд, ҳатто рангу бӯйи каломи баландмазмунро ҳис мекунанд, вале қисми дигар аз кулли хазоини маъниву мазмун бенасиб мемонанд?

Зумраи дигар мазмуну муҳтавои китобро аз лаҳзаҳои нахусти ошноӣ бо он дарк мекунанд. Воқеан, барои он ки ба ҷаҳони ботинии муаллиф ворид гардид, масъалаи фаҳмида китоб хондан ба миён меояд. Китоб хонда тавонистан, чизи хондашударо фаҳмидан аз ҳадяҳои Худованд буда, ташаккул ва заҳматҳои ҳамарӯзаи инсон, махсусан ҷавонони муҳассилро тақозо мекунад.

Бояд гуфт, ки хондани китоб роҳу усули худро дорад ва ҳар чизи хондашуда ба инсон таассурот ва тасаввуроти комил бояд гузорад. Пас, маълум мешавад, ки роҳу равиши хондани китоб низ омӯзондаву фаҳмонда шавад.

Чаро насли наврас ва ҷавон имрӯз аз китобхонӣ дар канор мондааст? Наврасон ва ҷавонон на ҳамеша дуруст дарк мекунанд, ки китоби асил ба хотири иҷрои асолатҳояш чӣ мушкилотҳоро бартараф кард, чӣ гуна то замони мо омада расид ва чӣ тарз мақому манзалати хешро пойдору устувор нигоҳ дошт. Қимати бузурги китобро қадр бояд кард ва боре аз худ суол кард, ки то чӣ андоза ба китоб меҳру муҳаббат ва ошноӣ дорем.

Асри воридшудаи 21 ҳамчун даврони таҳаввул ва дигаргуниҳои комили ғайричашмдошт дар мисоли нуфузи технологияи муосир: компутар, интернет, телефонҳои замонавӣ ба инсон имкониятҳои бешуморро дар самти қабул ва гирифтани иттилооти гуногунсоҳаву гуногунҷабҳа пешниҳод мекунад. Аммо ин қабил пешрафти технологӣ ва иттилоотӣ инсонро аз китоби зинда дур месозад. Бо вуҷуди сарчашмаи маълумоту ахбор будан назокат ва салосати китоби «зинда»-ро дода наметавонад.

Аз китоб инсон сабақ меомӯзад, ба фарқи некию бадӣ мерасад, андарзҳои бузургон ва ниёконро бобати илмомӯзӣ, сайқали дониш ва ақлу хирад, хайру эҳсон, одаму одамгарӣ, сабру қаноат ва арзишҳои баланди миллӣ ва умумибашарӣ ба даст меорад ва он ҳамаро мояи асосии зиндагиву фаъолияти хеш қарор медиҳад.

 Дар замони муосир ҳаёт пешрафти технологиро ба маҳдуд намудани имконоти зеҳнӣ мутобиқ сохт. Бубинед, чанде толибон ҳунари нав – нусхабардориро бо роҳи осон ёд гирифтанд. Ба ҷои хондану фаҳмидан кор ба дарки бешууронаи матлабу маънӣ омада расид. Дар натиҷа китоб ва асарҳои бузургу пурарзиш ҷойи худро аз даст дод ва сафи истифодабарандагони иттилооти номутаносиб ба маротиб афзун ёфт.

Баъзеҳо имрӯз шабону рӯзон сари компутару телефон ва воситаҳои дигари электронӣ ва имконоти интернет қарор доранд ва ин «беморӣ»-и аср ба кӯдакони хурдсол низ сироят кардааст.

Хонандаи имрӯз, мутаассифона, дар симои китоб дигар манбаи пурарзиш ва гаронбаҳоро намебинад, баробари варақ задани саҳифот ва ворид шудан ба муҳтавои матн зуд онро тарк мекунад, бехабар аз он, ки ҷавҳари маънӣ ва сухан ҳар лаҳза сӯяш менигарад ва ӯро ба кошонаи дониш ва хирад даъват менамояд.

«Контент»-и имрӯз фиреби назар аст. Инсонро аз ҳақиқати асил ва дарки моҳияти асл дур месозад. Чизи аз компутар ва фазои интернет қабул шуда тез аз як гӯш медарояду аз гӯши дигар мебарояд, зеро арзиши муваққатӣ ва ҳангомаи лаҳзавӣ дорад. Бо тасаввури бебақо пеши роҳи рушди ҷаҳони маърифатӣ-маънавии хонандаро мебандад.

Агар китоби «зинда» хондан ва фаҳмиданро талқин созад, асрори ботин ва олами тахайюли нависандаашро рӯйнамо кунад, маводи электронӣ, баръакси ҳол.

Китоб асрҳои аср, сарфи назар аз табодулотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асолат, қимат ва наҷобату бузургии хешро пойдору устувор медорад. «Ин китоб ба ман маъқул нашуд», – гуфтани ин ё он шахс баҳонае беш нест. Барои китобхон шудан ҳиммату азамат, шавқи омӯзиш ва сайри олами зебою рангоранги маънӣ ва сайди матлаб мебояд. Ба таъбири Мирзо Абдулқодири Бедил:

Чист гулҳои маърифат чидан,

Ранг дидан, баҳор фаҳмидан.

Ашхоси ботадбир қадр ва манзалати китобро ҳамеша бузург медоранд, лаҳзае аз он ҷудоиро барояшон роҳ намедиҳанд, зеро амвоҷи зоҳиран болоравии васоити электронӣ ва фазои иттилооти муосир, ки ҳарчанд рӯҳи замонаро инъикос мекунад, ба нерӯи тавоно ва оламгири китоби «зинда» қудрати ҳамвазнӣ надорад.

 Вақте мо китоберо ба даст мегирем, қабл аз ҳама бо ному насаби муаллифи он шинос мешавем. Ба назар чунин метобад, ки муаллиф бузургтарин ашхоси фазои илму дониш аст, зеро ӯ китоб навиштааст. Чуноне ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар сифоти Мавлонои Балх гуфта:

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб!

Бале, шукуҳу манзалати соҳибкитоб ҳамеша баланд буд ва баланд мемонад. Барои он, ки китобҳое амсоли «Гулистон» ва «Бӯстон», «Баҳористон»-у «Қобуснома», «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ва «Наводир–ул–вақое», «Анвори Суҳайлӣ» ва «Шоҳнома»-ю «Маснавии маънавӣ» эҷод шаванд, шоиру нависандагони забардаст ва оламшумули мо чӣ машаққатҳову душвориҳоро паси сар накарданд.

Асарҳои безаволи ниёгони мо на танҳо дирӯзи зиндагии абнои башар, балки имрӯзу фардои он аст. Ҳар як китоб сарфи назар аз замони эҷодаш раҳнамо ва калидест барои дарёфти мақом ва ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳони муосири пур аз тӯфонҳову тазодҳои зиндагӣ. Ҳар қадар мо ба гулистони маърифат ва маънавият ворид мегардем, рӯҳи тавоно ва андешаҳои хирадмандонаи Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Камол, Мавлонои Балху Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода, Улуғзодаву Ҷалол Икромӣ, Лоиқу Бозор Собирро эҳсос мекунем. Ба таъбири шоир:

Ҳамнишиниҳои қобил кард Афлотун маро,

Хосият ин медиҳад, ҳар кас, ки бо доно нишаст.

Хониши китоб чӣ гуна тасаввур мешавад ва онро чӣ тарз ба роҳ БОЯД монд? Дар асл суол на танҳо мантиқан дуруст аст, балки дар муайян кардани самтҳои мушаххаси тарбияи ақлу хирад, руҳи тавонои нерӯ ва заковати инсон китоб воқеан ҳам ҳиссаи бузург ва хоса мегузорад. Хуб дар ёд дорам солҳои таҳсили аспирантураро дар шаҳри Маскав, солҳои 70-уми асри сипаришуда. Мушоҳида мекардам, ки дохили метро қариб дар дасти ҳар як мусофири роҳ (пассажир) китобе ва ё маҷаллае буду он то расидан ба манзил қироат мешуд. Мардум ҳам китобхон буд, ҳам ба қадри вақт мерасид ва онро ройгон масраф намекард.

«Ба шаҳри якчашма рав ва якчашма бош» гуфтани мақоли халқӣ ба ёд расид ва банда дар як муддати кутоҳ гирифтори ин «бемори»-и файзбахш шудам. Дар давоми се соли таҳсил ба ҷузъ шиносоӣ ва омӯзиши адабиёти илмӣ ва асарҳои таҳқиқотӣ зиёда аз 50 китоби бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хондам. Аз як тараф ташаккули афкори илмӣ-таҳқиқотӣ, аз тарафи дигар рушди фарҳанги суханварӣ ба амал меомад. Яке мададгори дигаре мешуд ва муҳим аз ҳама хазинаи тафаккур, баёни фикр чи дар шакли шифоҳӣ ва чи хаттӣ пайваста инкишоф меёфт.

Бароям он рӯзҳо як чизи ба назар гӯё ҳам осон ва ҳам душворро «кашф» карда будам: одатан хонда нафаҳмидан аз надонистани мафҳуми вожаҳову истилоҳот аст. Аз як ҷумла ба ҷумлаи дигар вақте мегузаштам, ки агар чизи хондаам пурра дарк мегардид. Дар натиҷа дар муддати сару кор доштан бо адабиёти илмӣ ва қироати асарҳои бадеӣ дар роҳ ва ё дар мавриди мувофиқ, ҷустуҷӯ ва дарёфти маънии калимаҳои душворфаҳм ва ношинос афзуншавии захираи луғат, такмили услуби нигориш ва баён ҳам ба тариқи шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ пайваста рушд кард.

Чунин тарзи хондани китоб (асари ҳам илмӣ ва ҳам бадеӣ) аз чанд ҷиҳат ба мақсад мувофиқ аст. Муҳим он аст, ки инсон аз як марҳила (хондан) ба марҳилаи дигар (фаҳмидан) ба тадриҷ мегузарад ва чунин роҳи омӯзиш ва таҷрибаи амалӣ ба тавоноии зеҳнии инсон роҳи васеъ мекушояд. Ӯ оҳиста-оҳиста тавонманд мешавад, фикрашро дар ҳамаи мавридҳо мустақил баён мекунад, аз уҳдаи навиштан ва гуфтан мебарояд.

Суоли дигаре пайдо мешавад: кадом унсурҳои зеҳниро ба кор андохт, то марҳилаи хондан ба фаҳмидан табдил ёбад? Суол мантиқан ба ҷост, зеро он арзиш ва роҳандозии чанд рукни дигари мусоид ба фаҳмиши чизи хондашударо тақозо мекунад. Аз ҷумла, ҳангоми хондани ҳама гуна китоб (илмӣ, соҳавӣ, бадеӣ, оммавӣ) дар заминаи нерӯ ва қудрати майнаи инсон «гормони диққат» ва вусъату саҳеҳии идрок (дарк, қабул, фаҳмиш) парвариш меёбад. Агар чизи хондашуда бо диққат қабул ва тафаҳҳум нашавад, он ягон маънӣ ва арзиши мазмунӣ надорад. Шахс танҳо пас аз дарки моҳияти чизи хондашуда ва услубу санъати баён лаззат пайдо мекунад ва онро бо камоли майл истиқбол мегирад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки чӣ тарз хондани китоб ҳатман таълим дода шавад, то нозукиҳояшро дарк ва қабул кард, дар акси ҳол ғалатбинӣ ва ғалатфаҳмӣ сурат мегирад. Ҳақиқати чизи хондашуда на танҳо шунида шавад, балки аслияти он тасаввур ва дар риштаи хаёл равшан ва возеҳ таҷассум гардад. Вале ногуфта намонад, ки байни ашхоси чизи хондаро фаҳмида ва комилан нафаҳмида фарқ калон аст. Он яке мукофот аз комёбӣ ва баҳрабардорӣ дорад, дигаре – дилхунукӣ ва ноумедию бебарорӣ…

Мусаллам аст, ки хониши китоб дар аслият ва моҳияти хеш воситаи муҳимми робита ва василаи иртибот аст. Китоб дар густариши робита ва муколама байни муаллиф ва хонанда дар роҳи дарёфти дониш, ҳикмат, ҳақиқат ва ростӣ хидмати пурарзишро ба ҷо меорад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳақиқат доимо аз мо пинҳон шудан мехоҳад, лозим меояд, ки онро ҷустуҷӯ ва пайдо кунем, зи дунболаш равем, зеро дар ботини ҳақиқат таҷрибаю андарзи беназири ниёгонамон ниҳон аст. Танҳо дар сурати баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рӯзгор мо имкони дафъи мушкилоту муаммоҳои зиндагиро ба даст меорем. Чуноне, ки Рӯдакӣ гуфта:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Бале, ҳар як гуфтори бузургон, ки тавассути китоб ва гирд овардану ҳифз кардани ҳикматҳо муяссар мегардад, як навъ таълимотест доир ба чӣ гуна хондану фаҳмидани китоб. Хондани китоб қонуниятҳои хешро дорост ва тарзу тариқи ворид шудан ба дунёи рисолатҳои муаллифи онро дар бар мегирад. Ақлу идроки хонандаи китоб дар заминаи фаъолияти тафаккури доимо дар ҳолати тафаҳҳум қарордошта сайқал меёбад. Ба андешаи мо фарҳанги хирад ва зеҳни инсон тавассути амал ва низоми тафаккури вай густариш ва такмил меёбад. То замоне, ки ҳисси дарку фаҳмиш дар сатҳи паст қарор дорад, хондани китоб ба кори бефоида ва барабас табдил мегардад.

Боз ба сари гузориши суол бармегардем: хондани китоб дар кадом ҳолат ва сурат қимат ва арзиши бебаҳо пайдо мекунад?

Нахуст муҳим аст, ки хондани китоб ба хотири лаҳву лаъб ва фиреби назар набошад, ки гӯё шахс китоб мехонад. Китоб хондан кори басо пурмашаққати фикрӣ ва зеҳнӣ аст, он фаъолияти муваққатӣ нест, зеро дар ҷараёни хондани китоб тафаккури мутолиакунанда, ҳисси фаросатнокӣ, донистан, ба фаҳми чизи хондашуда муваффақ шудан, моҳият ва маънои маълумотеро дарёфтан мунтазам машқ ва рушд меёбад.

Он равандест, ки ақлу заковати инсонро дар вазъи рушд қарор медиҳад, ӯро дар самти қобилияти дарк ва фаҳми моҳияти чизи хондашуда тавассути кӯшишу заҳматҳои мунтазам ба қуллаҳои нав ба нави баланд мебарорад. Ба толиби ашхоси китобхон дар роҳи расидан ба мақсуду матлаб ва мартабаи шахсияти комил меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат, парвариши хислат ва рисолати тафаҳҳум мебояд. Чуноне ки ба варзишгар машқи мушакҳои бадан дар мусобиқаҳо басо муҳим аст, барои китобхон машқи «мушакҳо»-и хотира ва ҳофиза зарур аст. Машқи хониш ва фаҳмиш дар ҳамбастагӣ ва робитаи қавӣ фатҳи ҳама гуна қуллаҳои баланди маърифату донишро фароҳам меорад:

Машқу таълим ҳар ду мебояд,

Гар яке нест, кор накӯ н-ояд.

Оё мо боре ҳам дар мавриди арзёбии малакаҳои шахсии хониши китоб ба сари чунин андеша омадаем: «Ман яқин медонам ва хуб пай мебарам, ки чиро намедонам, наметавонам ва чаро?». Пас аз хатми мактаби миёна дарки мантиқи чунин суол ва андешаи солим ба сари на ҳама кас меояд. Донише, ки баъди анҷоми таҳсил дар дабиристон ҳосил мегардад, ҳанӯз маънии шиносоии комил бо китоб ва арзиши китобхониву китобдӯстии хатмкардаро ифода намекунад. Аниқтараш, хонандаи мактаб китобро не, балки дар бораи китоб маълумот пайдо кардааст. Азбаски вай ба дараҷаи худбаҳодиҳӣ ва арзёбии донишу малакаҳои хеш дар робита бо китоб ва мазмуну муҳтавои он нарасидааст, моҳияти китобхониро дар чорчӯбаи андешаву тафаккури маҳдуди худ тасаввур мекунад.

Раванди ташаккули шахсияти комил дар партави эҳсоси ғояи чаро ман кам медонам ва кам метавонам сурат мегирад. Дарки чунин камбудӣ ва норасоӣ аз ҷониби ҳар як муҳассили макотиби олӣ ва хонандаи дабиристон қадами устувор ба сӯи сарчашмаи гаронбаҳои маърифату маонист, ки намунаи олии он китоб аст. Интиқод ба қобилияти миёна ва донишу малакаҳои хеш боиси андешамандӣ ва раҳҷӯйии шахс шуда метавонад. Замони муосир тақозо мекунад, ки дониш ба хотири дониш не, балки барои фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон, роҳи васеъ кушояд. Мутахассиси баландпоя на аз соҳиб будан ба маълумоти олӣ ва диплом, балки аз қобилияту тавонмандии касбии вай шинохта мешавад. Маъмулан, ашхоси салоҳиятманд онест, ки аз китоб бардошти комил пайдо кардааст.

Саъдулло Неъматов, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи руси ДМТ