Таърихи таъсисёбии кафедра
Дар заминаи кафедраи филологияи рус соли 2007 баробари таъсиси факултаи забони русӣ ва адабиёт кафедраи адабиёти ҷахонӣ таъсис дода шуд.
Таърихи кафедраи мазкур бо таърихи факултаи забон ва адабиёти рус зич алоқаманд аст. Дар замони шӯрави кафедраро устодони маъруф, аз қабили адабиётшиносон Петрушков Виктор Викторович, Астахов Владимир Гаврилович, Ефимов Виктор Васильевия, Петрушкова Виктория Викторовна роҳбарӣ кардаанд. Инчунин дар кафедра адабиётшиносони маъруф ба мисоли Милявский Борис Лвович, Володина Валентина Ананевна, Дик Валентина Яковлена, Исаев Геннадий Григорьевич, Сиганова Олга Петровна ва дигарон ко рва фаъолият кардаанд. Айни замон кафедраро Раҳимова Р. Д. рохбарӣ мекунад. Дар кафедра омӯзгороне кор мекунанд, ки тамоми умри худро сарфи таълиму тарбия кардааанд: Муллоҷонова Закия Алимовна, Тамара Мунавваровна Шагадаева, Ҳасанова Олмахон Акрамовна, Раҳмонов Ҷамшед.
Самти фаъолияти илмии кафедраи адабиети чахонӣ: «Қонуниятхои инкишофи адабиёти чаҳон». Мавзуи умумӣ: «Хусусиятҳои жанриву услубии адабиёти рус ва тарчума». Дар кафедра фанҳои зерин хонда мешаванд:
Введение в литературоведение
Русское устное народное творчество
Древнерусская литература
Литература 18 века
Литература 19 века
Литература 20 века
Современная русская литература
Спецкурсы и спецсеминары
ДПВ по литературе
Зарубежная литература
Ҷамъияти илмии донишчуён, донишчуёнро бо ду самт: «Тарчумон» – (роҳбар-дотсент Муллоҷонова З. А.) ва «Филолог» – (рохбар – дотсент Раҳимова Р. Д.) якҷоя мекунанд. Дар ҷалласаҳои Ҷамъияти илмии донишҷуй, донишҷуён малакаи корҳои илмиву тадкикотиро меомӯзанд. Донишҷуён интихоби адабиётро бо мавзӯи додашуда, ошкор намудани мухтасари мазмун, бо эзоҳ дар поварақ, бо муқоисаи андешаҳои гуногун оид ба ин ё он масъала, таҳлили филологии асарҳои бадеи адабиётро мемӯзанд.
Фаъолияти таълимиву методӣ
Дар назди кафедра маҳфилҳои гуногун, аз қабили «Маҳфили омӯзгори ҷавон» таҳти роҳбарии Шагадаева Т. М. фаъолият мекунад, ки мақсади асосиаш аз ташкили кор бо омӯзгорони ҷавон, дарёфт ва рушду инкишофи малакаи омӯзгории онҳо иборат мебошад. Машғулиятҳо тибқи ҷадвали пешакӣ тасдиқгардида ба роҳ монда шудаанд.
Шӯрои илмиву методӣ (ШИМ)
Вазифаи асосии ШИМ, ки роҳбарии онро Муллоҷонова З.А. бар ӯҳда дорад, аз гузаронидани ташхиси корҳои илмӣ, методии барои чоп пешниҳодшавандаи омӯзгорони кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинарҳои методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни мубрами соҳаи адабиётшиносӣ ба муҳокимаи ва баррасии аъзоёни кафедра пешниҳод мегарданд. Маърӯзачиён мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи андӯхтаашонро ҷиҳати самарнокӣ ва сифати усулҳои таълим нақл карда, ҳамкасбони худро бо усулҳои нави таълим ва таҳқиқи адабиёт ошно мекунанд.
Ҷамъияти илмии донишҷӯён
Ҷамъияти илмии донишҷӯён аз рӯйи ду самт бо донишҷӯёнро даври ҳам меоварад: Маҳфили илмии «Тарҷумон» – роҳбари илмиаш дотсенти кафедра Муллоҷонова З.А. ва маҳфили «Филолог» – роҳбари илмиаш дотсент Раҳимова Р.Д. Дар ҷалласаи ин маҳфилҳо тибқи нақшаи пешниҳодгардида донишҷӯён ба андӯхтани малакаи бурдани корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул мебошанд. Донишҷӯён дар ҷараёни кор дар маҳфил нозукиҳои интихоби адабиётро аз рӯйи мавзӯи интихобшуда, гузоштани поварақ, муқоиса ва таҳлилу баррасии андешаҳои мухталиф, таҳлили асари бадеӣ ва ғайраро меомӯзанд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра
Дар кафедра корҳои илмӣ дар самти «Илмҳои филологӣ» оид ба мавзӯи «Пажӯҳиши масъалахои адабиёти ҷахонӣ» бурда мешавад.
Натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотии устодони кафедра аз нашри рисолахо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, инчунин мақолаҳои илмиву методӣ иборат аст, ки ба донишҷӯён баҳри навиштани корҳои илмиву таҳқикотӣ (рефератҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, корҳои магистрӣ ва ғ.) кӯмаки бевосита мерасонад.
Устодони кафедра ба дастурҳои таълимӣ, рисолаҳо ва дигар намуди корҳои илмиву методии муҳаққиқон берун аз донишгоҳ ва кишвар тақризҳо менависанд.
Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои зерин таҳия ва чоп гардидаанд:
1. Муқаддимаи адабиётшиносӣ
2. Эчодиёти шифоҳии халки рус
3. Таърихи адабиёти рус дар асри 19
4. Таърихи адабиёёти руси асри 20
5. Таърихи танқиди адабии рус
6. Таърихи адабиёти хориҷӣ
7. Назарияи адабиёт
8. Курси амалии адабиёти рус
9. Таърихи адабиёти рус ва масъалахои тарҷумаи он
10. Асосхои тарҷумаи бадеӣ
Корҳои чопии устодони кафедра
Китобхо ва маводхои таълимӣ:
1. Рахимова Р.Д ., Шагадаева Т. М., Рахмонов Дж. Курси амалии адабиёти рус. Душанбе 2019. 136 с
2. Хомидова Т.М. Лексикаи бемуодил, иборахои рехтаи забони рус и ва тарзи тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ. Душанбе 2019. 128с
3. Раҳимова Р.Д., Шагадаева Т.М, Хасанова О.А, Раҳмонов Ҷ.А. Таърихи адабиёти рус. Душанбе. 2019. 147с
4. Ҳасанова О. А. Назарияи адабиёт. Душанбе. 2019. 117с
Ҳамкориҳои байналхалқӣ
Кафедраи адабиёти чахони хам бо ташкилотҳо, маҷаллаҳои давлатӣ ва бо ташкилотхои хориҷӣ робитаи зич дорад. Дар кафедра донишҷӯён ва магистрҳо аз давлатҳои хориҷӣ тахсил мекунанд. Устодони кафедра мунтазам мақолаҳояшонро дар маҷаллаҳои Федератсияи Руссия ва ИДМ ба чоп мерасонанд.

+992 918723462
ш.Душанбе, Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №10, утоқи 304.
СОБИРОВА ФАРЗОНА АСОМУДИНОВНА
Мудири кафедраи адабиети чахон, номзади илмхои филологии, дотсент
Собирова Фарзона Асомудиновна 20.06.2022 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2002 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудаам. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ҳоло: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардам. Аз соли 2007 муҳаққиқи кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ мебошад. Соли 2010 ба аспирантура дохил шудам. Соли 2017 рисолаи номзадиамро дифоъ намуда, ба кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ нахуст ба ҳайси муаллими калон, баъдан дотсенти ин кафедра то соли 2021 гузаштам. Соли 2021 ба вазифаи мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонӣ гузаштам.

ш.Душанбе, Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №10, утоқи 304.
РАҲИМОВА РОБИЯ ДОДОВНА, номзади илмҳои филология, досент. Раҳимова Робия Додовна 30.07.1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1984 Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченкаро ихтисоси забон ва адабиёти рус (ҳоло: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) хатм кардааст.
Солҳои 1980 – 1984 донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон;
Солҳои 1984 – 1989 ассистенти кафедраи адабиёти руси Донишкадаи забонҳо;
Солҳои 1989 – 1994 аспиранти Донишкадаи забон ва адабиёт ба номи Рӯдакӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1994 – 1996 муаллими калони кафедраи адабиёти руси Донишкадаи забонҳо;
Солҳои 1996 – 1999 Директори гимназияи хусусии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
Солҳои 2000-2004 дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
Солҳои 2004 – 2010 мудири кафедраи забони русии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
Солҳои 2010 – 2016 мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2016-2019 дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳонии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Аз соли 2019 то 2021 мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии факултети филологияи рус буданд.

Khasanova.Olga@mail.ru
+992 931130030
ш.Душанбе, Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №10, утоқи 304.
ХАСАНОВА ОЛМАХОН АКРАМОВНА – муаллимаи калони кафедраи адабиёти ҷаҳон.
Ҳасанова Олмахон Акрамовна 27.06.1965 дар Тоҷикистон — шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1985 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуд. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст. Солҳои 1900-1994 дар кафедраи забони русии донишгоҳ кор кардааст. Аз 1999 муаллими забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №16-и шаҳри Душанбе буд. Соли 2011 ва то имрӯз дар кафедраи адабиёти ҷаҳонии факултети филологияи руси ДМТ фаъолият дорад.

+992 501254440
ш.Душанбе, Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №10, утоқи 304.
Дилрабои Одилхоҷа, ассистенти кафедраи адабиети ҷаҳони факултаи филологияи рус
10 июни соли 1994 дар шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2000 то 2011 дар мактаби миенаи рақами 38-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Аз соли 2011-2016 дар донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон бо ихтисоси омӯзгор таҳсил кардааст. Аз соли 2016 то соли 2018 дар донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дар соҳаи “Забон ва адабиети рус” дар зинаи магистратура таҳсил кардааст. Аз соли 2018 то 2021 докторантураи PhD Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 то ин дам ассистенти кафедраи адабиети ҷаҳонии ДМТ.