Дар бораи факультет

Мавҷудияти факултети филологияи рус бо таъсисебии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ба соли 1948 рост меояд, алокамандии зич дорад. Соли аввали таҳсил дар бинои Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни) гузашта буд. Дар ду соли аввал дар донишгоҳ ҳамагӣ 240 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.
Қариб тамоми ҳайати омузгорони факултети таърих-филологияро мутахассисони рус ташкил медод. Бо як ҳисси изату эҳтироми комил метавон олимони зеринро – Астахов Владимир Гаврилович, Горбачевский Антон Антонович, Молчагин Юрий Алесандрович, Филипповская Ирина Алексеевна, Нечаева Ираида Петровна, Яков Ильич Гордон, Ася Григорьевна Гордон, Милявский Борис Лвович да дигаронро ном бурд.
Яке аз аввалин деканхои факултет Владимир Гаврилович Астахов – иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. У тамоми ҳастии худро барои кори дустдоштааш – тайер намудани мутахассисони чавон – омузгорони забон ва адабиети рус, бахшида буд. Дар тули фаъолияти факултет шахсони зерин деканиро ба ухда доштанд: Петрушков В.С., Додихудоев Р.Х., Володина В.А., Молчагин А.А., Горбачевский А.А., Ефимов В.В., Ушаковский В.С., Нагзибекова М.Б.
То соли 1996 факултети забон ва адабиети рус дар ДДМТ фаъолият мекард ва соли 1996 бо сабаби кушодашавии Донишгоҳи (славянии) Точикистон-Русия ба шуъбаи забон ва адабиети рус табдил дода шуд. Мохи сентябри соли 2007 дар ДДМТ дар заминаи шуъбаи забон ва адабиети руси факултети филология, кафедраи филологияи рус ва кафедраи забони русии байнифакултетӣ аз нав факултети забон ва адабиети рус таъсис дода шуд, ки то соли 2015 рохбарии онро д.и.ф., профессор Нагзибекова М.Б. ба душ дошт.
Соли 2015 номи факултетро аз забон ва адабиети рус ба филологияи рус иваз намуданд, ки айни ҳол роҳбариашро д.и.п., профессор Музаметов Г.Б. ба ухда дорад.