ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

273

31 сол  аз умри Истиқлолияти мо мегузарад. Истиқлолияте, ки ҳарчанд касбаш осон буд, вале таҳкиму решадор шуданаш дар сарзамини мо кори душворе буд. Бояд гуфт, ки дар шаклгирии ин падидаи тозаи ҷомеаи мо ҳама мардуми тоҷик саҳмдор буданд. Аммо нақши асосиро дар нигаҳдошту ҳифзи тадриҷии аркони истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиданд. Корномаи ин марди бузург барои ҳар яки мо равшан аст. Эшон ҳамеша замоне, ки сухан аз Истиқлолияти миллӣ дар миён меафтад, таъкид мефармоянд, ки бузургтарин дастоварди мо дар поении қарни 20-ум касби Истиқлол аст ва Истиқлол ҷашни миллии мост.

 Гузашта аз ин дар ҳифзи ин дастоварди миллат нақши ҷавонон бисёр муҳим аст. Ҷавонон ояндаи миллатанд. Мо ба нерўи зеҳниву созандаи ҷавонон такяварем. Беҳуда нест, ки ҷавонони мо бо дарки масъулият, бо эҳсоси наҷиби ватандорӣ, ҳама дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар ба ҷавонон дода мешавад, хуш мепазиранд.

Гувоҳи ин ғолибияту пирузии ҷавонони мо дар озмунҳову мусобиқаҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мебошад. Воқеан ҷои шодиву фараҳ аст, замоне як ҷавони тоҷик дар арсаҳои мухталифи дунё пирузӣ ба даст меорад ва парчами кишвари хешро ҷилвагар месозад. Равшанаст, ки даврони соҳибистиқлолӣ имконоти фаровонеро барои ҷавонон фароҳам овард. Ҷавонони тоҷик низ бо азми росих бо пуштибонӣ аз дастовардҳои Истиқлол дар таҳкиму камоли бештари он камари ҳиммат бастаанд.Икромзода Хайём Икром – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии ДМТ