АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ ВАТАНДОРӢ ВА АДАБИЁТИ БАДЕӢ

68

СУХАНРОНИИ 6-УМИ УСТОД ҲАФИЗ РАҲМОН ДАР ҲУЗУРИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТАҲОИ ФИЛОЛОГИЯ, ФИЛОЛОГИЯИ РУС, ЖУРНАЛИСТИКА ВА ЗАБОНҲОИ ОСИЁВУ АВРУПО

Ҳарфи номанзури дил як нукта ҳам беш асту бас,

Маънии дилхоҳ агар сад нусха бошад ҳам, кам аст…

Устод Ҳафиз Раҳмон бо ҳамин байти машҳури Бедил суҳбати хешро роҷеъ ба арзишҳои ватандорӣ ва бозтоби онҳо дар каломи бадеъ оғоз карда, баъдан масъалаҳои зиёди марбут ба ин арзишҳоро тӯли 52 дақиқа шарҳ доданд. Бо овардани мисолҳои зиёде аз осори Лоиқу Бозор, Алимуҳаммад Муродӣ ва Муҳаммад Ғоиб, Рэй Брэдбери ва Лев Толстой, Эно Рауд, Ҷорҷ Байрон ва Фридрих Шиллер нуктаҳои муҳимми гиромидошти ватан ва таносуби онҳоро бо арзишҳои милливу умумибашарӣ бо забони фасеҳ ва тарзи баёни ҷолиб фаҳмонданд.

Дар ин суҳбат декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шодмон Сайдализода, декани факултаи филологияи рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Хайём Икромзода, муовини декани факулаи филология оид ба масъалаҳои тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадёр Ҳайдаров, муовини декани факултаи журналистика Рустам Саъдуллоев ва масъули бахши тарбияи донишгоҳ Илҳом Ашӯрзода ширкат карданд.