Мудири кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ, номзади илмҳои филология, дотсент Атакуллаев Усмон Исмаилович
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Бини Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, утоқи 324.
E-mail: atakullaev@bk.ru
Таърихи таъсисёбии кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ
Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1948 дар назди факултети таъриху филология таъсис ёфтааст. Соли аввали таҳсил дар бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) баргузор гардида буд. Ду соли аввали таҳсил дар донишгоҳ ҳамагӣ 240 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Мудири кафедраи мазкурро сокини шаҳри Ленинград, номзади илмҳои филология, дотсент Власов Александр Константинович ба ӯҳда дошт. Дарсҳои забони русиро устодон ҳам дар факултети таъриху филология ва ҳам дар факултетҳои табиатшиносӣ мегузаштанд.
Соли 1965 рохбарии кафедра яке аз эроншиноси машҳури совети ва Россия Раҳим Халилович Додхудоев ба уҳда дошт. Дар кафедра омӯзгорони варзида ва соҳибтаҷриба, чун: Қосимова Зебо Абдуҳакимовна, Ишанхоҷаева Роҳбар Саидовна, Сараева, Вирская Нелли Ильинична, дотсентҳо Садыкова Қумри Норматовна, Ибрагимова Муҳаббат Саидовна кору фаъолият мекарданд.
Аз соли 1969 роҳбарии кафедраро бар зимаи устоди варзида ва машҳури шӯравӣ, яке аз ҳаммуалифони китоби дарсӣ барои гурӯҳҳои миллии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, «Курси амалии омӯзиши забони русӣ» («Практический курс русского языке») профессор Рахматуллин Рашид Гениатович вогузоштанд. Дар замони роҳбарии ӯ сатҳи илмӣ ва таълимии кафедра хеле баланд гардида, теъдоди устодони унвондору дараҷаи илмӣ дошта, яъне номзадҳои илм ва докторони илм зиёд мегардад.
Профессор Рахматуллин Р. Г. беш аз 20 сол роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Бояд қайд кард, ки ин кафедра яке аз кафедраҳои асосӣ ва бунёдӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи ин кафедра, ки дорои сатҳи баланди илмӣ ва таълимӣ буд, чандин кафедраҳои нави марбут ба забон ва адабиёти рус таъсис ёфтаанд. Таҳти роҳбарии профессор Рахматуллин Р. Г. беш аз 70 нафар номзади илм ва доктори илмҳои педагогика ва филология омода карда шудааст.
Дар солҳои 90-уми асри XX ба вазъи бади сиёсиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, дар кафедра фаъолияти таълимӣ ва илмӣ пеш меравад ва дар ин давр роҳбарии кафедраро пас аз профессор Рахматуллин Р. Г. муаллими калон А. Назаров бар дӯш мегирад. Фаъолияти роҳбарии ӯ то соли 2003 идома меёбад.
Моҳи феврали соли 2003 дар асоси озмун вазифаи мудири кафедра бар дӯши номзади илмҳои педагогика, дотсент Мухаметов Г. Б. вогузошта мешавад. Дар замони роҳбарии Мухамметов Г. Б. васоити таълим аз забони русӣ ва чандин маҷмӯи мақолаҳои устодон нашр мегарданд ва аз байни устодони ҷавон чанд нафар рисолаи номзадиашонро дифоъ карда, ҷанбаи таълимӣ ва илмии кафедраро устувор мегардонанд. Аз соли 2012 то соли 2018 вазифаи мудири кафедра бар дӯши номзади илмҳои филология, дотсент Рузиева Лола вогузошта мешавад.
Моҳи сентябри соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дар заминаи шӯъбаи забон ва адабиёти руси факултети филология, кафедраи филологияи рус ва кафедраи умумидонишгохии забони руси факултети забон ва адабиёти рус аз нав таъсис ёфт. Бо қарори Шӯрои олимони ДДМТ кафедраи мазкур номи кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайризабонӣ гирифт.
Дар байни устодони кафедра устодоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар кафедра ба сифати устод фаъолият доранд ва бурду бохти кафедра бо номи онҳо сахт вобаста аст. Бо эҳтироми бепоён ва бо сипосгузории бардавом метавон номҳои устодони зеринро ба забон овард, ки тамоми ҳастӣ, қудрату тавоноии хеш ва сайъю кӯшиши худро ба тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси донишгоҳ бахшидаанд: Роҳбар Саидовна Ишанхоҷаева, Зебо Абдуҳакимовна Қосимова, Қумрӣ Норматовна Содиқова, Муҳаббат Саидовна Иброҳимова, Майя Мукарамовна Зоидова ва чанде дигарон.
Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 1998 дар кафедра ҳамагӣ 15 нафар омӯзгор кор мекард ва ин миқдор соли 2019 ба 24 нафар расид.
Пас аз санҷиши (аттестатсияи) давлатӣ соли 2012 кафедраи мазкур номи кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологиро соҳиб гашт ва то имрӯз бо ҳамин ном фаъолият дорад.
Фаъолияти таълиму тарбия
Кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҳамаи факултетҳои ДМТ нақши худро мегузорад. Омӯзгорони кафедра аз фанни «Забони русӣ» барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ дарс медиҳанд.
Ҳайати омӯзгорону устодон
Айни ҳол дар кафедра 23 нафар омӯзгор ва 1нафар лаборант кор мекунанд:
1. Атакуллаев У. И.-н. и. п. (мудири кафедра)
2. Мухаметов Г. Б. – д. и. п., профессор (декани факултет)
3. Содиқова Қ. Н. – н. и. п. дотсент
4. Ҷӯраева О. В. – н. и. п., дотсент
5. Назаров А. Н. – н. и. п., дотсент (роҳбари маҳфили Русское слово)
6. Розикова С. Р. – н. и. п. , дотсент
7. Шосафарова Г.Г. – н. и. ф., дотсент
8. Мирзоев А.М. – н. и. п., дотсент
9. Джамирова Л. И. – н. и. ф., муаллими калон
10. Ҳасанова Ш.Р.- н. и. ф., омӯзгор
11. Зоидова М. М. – муаллими калон
12. Бахриддинова Г.М. – н. и. п., муаллими калон
13. Бубиев Х.М. – н. и. п., дотсент
14. Ходжаева С.М. – омӯзгор
15. Юлдошева Л.У. –омӯзгор
16. Ғарибова М.А.- омӯзгор
17. Гулмирзоева З.У. – омӯзгор
18. Раҳмонов С.Х. – омӯзгор
19. Қурбонова П.М. – омӯзгор
20. Нозилшоев Ҷ.Б. – омӯзгор
21. Ҳасанова Ш.Р – омӯзгор
22. Рахмонов Ҷ. А. – омӯзгор
23. Ҷалолов Д.Ш. – омӯзгор
24. Султанова М.О. – лаборант
Кори таълимӣ-методӣ
Дар назди кафедра фаъолият доранд:
• Маркази машваратии муаллимони калон (ММК) дар факултетҳо. Вазифаи асосии ММК ташкил кардани кори таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, ташкилию тарбиявӣ ва таълимию тадқиқотии омӯзгорон, муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши фанни «Забони русӣ».
• Мактаби омӯзгорони ҷавон (МОҶ). Хизмати методӣ ба муаллимони ҷавон ва омӯзгорони навшогирд дар МОҶ, шогирдтайёркунӣ аз тарафи устодони ботаҷриба ташкил карда шудааст. Мақсади асосии машғулиятҳо дар Мактаб – боварӣ ба муваффақият, дар ниҳоди ҳар як омӯзгор ёфтани он нерӯе, ки барои мутахассиси хуб шудан ба ӯ кӯмак мерасонад.
• Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фарогири донишҷӯёни курси якуми факултетҳои гайрифилологӣ буда, аъзоёни маҳфил оид ба рӯзҳои ҷашн шабнишиниҳои мавзӯӣ баргузор менамоянд, лаҳзаҳои мусиқиву адабӣ ба забони русӣ шунавонида шуда, рӯзномаҳои деворӣ ба нашр мерасонанд.
• Шӯрои илмию методӣ (ШИМ). Вазифаи асосии ШИМ аз гузаронидани санҷиши илмӣ ва илмию методӣ ва баррасии мусаваддаҳои корҳои илмию методии ба нашр тайёр шудаи кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинари методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо ва маълумотҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои соҳаи забоншиносӣ ва педагогӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Маърӯзагарон бо таҷрибаи бойи худ иштирокдоронро шинос ва дар бораи усулҳои самаранокии ташкили корҳои таълимӣ суҳбат меороянд ва бо адабиёти методии нав оид ба проблемаи пешниҳодкардашуда дигаронро шинос мекунанд.
Кори илмӣ-тадқиқотии кафедра
Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самти «Илмҳои филологӣ» сурат гирифта, дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим дар машғулиятҳои забони русии донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ» пайваста баргузор мегардад. Натиҷаи кори илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра ба нашр расонидани монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва инчунин нашри мақолаҳои илмию методӣ дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мебошад, ки донишҷӯён барои тайёр кардани фишурдаҳо (рефератҳо), маърӯзаҳо, корҳои эҷодӣ ва санҷишӣ, корҳои курсӣ, кори хатмӣ, рисолаи дипломӣ ва рисолаи магистрӣ аз онҳо чун манбаъ истифода мекунанд. Устодони кафедра ба китобҳои дарсӣ, монографияҳо, рисолаҳо, васоити таълимӣ ва методие, ки на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз кишвари мо нашр шудаанд, тақризҳои мусбат менависанд ва барои нашри онҳо тавсияҳо медиҳанд. Бо ин роҳ ҳамкории илмиву таълимӣ бо кафедраҳои забони русии дигар донишгоҳҳо ба роҳ монда шудааст.
Осори устодон
1. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И., Гулмирзоева З.У. Практический курс русского языка – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 140с.
2. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. Учебно-методические материалы для дистанционного обучения. Учебное пособие. Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. – 80с.
3. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для юридических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
4. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для экономических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
5. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для медицинских и фармацевтических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
6. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для геологических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
7. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для биологических и химических специальностей (профессиональная сфера общения) – Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
8. Атакуллаев У.И., ШосафароваГ.Г.Учебное пособие по научному стилю речи для студентов – физиков. Душанбе, ООО « Абдулло и Искандар Ко». 2019. 110с.
9.Атакуллаев У.И., ШосафароваГ.Г.Учебное пособие по научному стилю речи для студентов – математиков. Душанбе, ООО « Абдулло и Искандар Ко». 2019. 135с