РУШДУ ПЕШРАФТ АЗ ВАҲДАТ АСТ

37

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва он ҳамасола бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Ин сана ба санади тақдирсози хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рабт мегирад, ки 27 июни соли 1997 миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки баъди истиқлоли давлатӣ пайдо кардани Тоҷикистон, кишварамон бинобар якдигарнофаҳмиву якдигарнописандии ҳукумат ва неруҳои сиёсии навпайдо ба доми ихтилофоту нооромиҳо кашида шуда, ниҳоят аз 5 майи соли 1992 ба задухӯрди мусаллаҳона рӯ ба рӯ гардид. Ба ҳисобу китоби мутахассисон, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн. кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шудааст. Хисороти иқтисодии ин ҷанги дохилии Тоҷикистонро беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баршуморидаанд.

Бо кӯшишу талошҳои хастанопазири ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва майлу хоҳиши шахсиятҳои ватандӯсти нерӯҳои мусаллаҳи мухолиф, дар тӯли солҳои 1994—1997, дар 8 давраи гуфтушуниди байни тоҷикон, бо ширкати Созмони милали муттаҳид ва якчанд давлатҳои хайрҳоҳи ҳамсоя, ҷонибҳои даргир ба ҳамдигарфаҳмӣ расиданд ва имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандагӣ эмин дошт.

Расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳ ба ҳамдигарфаҳмӣ, ба фаромӯшӣ супоридани кинаву адовати якдигарӣ ва ваҳдати миллат буд. Бояд гуфт, ки ин роҳи осону ҳамвор набуд, шебу фарозиҳо дошт. Аз як тараф барқарор намудани корхонаву иншоот, хоҷагиҳои валангоршуда, таъмиру тармими роҳҳои харобгардида дар манотиқи ҷангзада, аз тарафи дигар баргардонидани гурезаҳо ба зодгоҳ ва обод кардани манзилу хоҷагӣ, бо кор таъмин намудани онҳо, халъи силоҳ ва ба сохторҳои низомӣ ворид намудани ҷангиёни мухолифини собиқ, ба вазифаҳои таъхирнопазири ҳукумати ҷумҳурӣ табдил ёфта, ҳамдигарбахшиву ҳамдигарфаҳмии тӯли 5 соли ҷангу муқовимати дохилӣ косташудаи мардумро тақозо мекард.

Таъсис ёфта, фаъолият бурдани Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), аз 7 июли 1997 то 1 апрели 2000 дар ҳайати 26 нафар, 13 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб, дар барқарор намудани сулҳу субот, оштиву ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ дар кишвар нақши муҳим дошт. Ин мақоми муштарак, ки ба хотири бунёди сулҳу ваҳдат таъсис ёфта буд, дар таҷрибаи байналмилалии сулҳофарӣ рӯйдоди нодире буд. Озод кардани садҳо асирони ҳарбӣ ва маҳбусони сиёсӣ, баргардонидани ҳазорҳо муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, аз хориҷи кишвар баргардонидани размандагони мухолифин ба Тоҷикистон, сабти ном кардану шомили сохторҳои қудратии ҳукумат намудани онҳо, тибқи саҳмияи 30 дар сада ба мансабу вазифаҳои баланди давлатӣ таъин намудани наздики 50 тан аз намояндагони мухолифин, саҳми босазо гузоштан дар таҳияи лоиҳаи қонуну ҳуҷҷатҳои барои давлату миллат сарнавиштсоз, аз ҷумла аз нав иҷозати фаъолият гирифтани аҳзоби сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма, ки фаъолияташон соли 1993 мамнуъ эълон шуда буд, аз ҷумлаи амалҳои анҷомдодаи КОМ буданд. Ҳамчунин таъсиси Парлумони касбӣ ва ҷорӣ шудани низоми бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ, умеду бовари аҳолии кишварро ба бебозгашт будани сулҳи деромада, оштии миллӣ, суботи сиёсию иҷтимоӣ бештар гардонда, роҳи ваҳдати саросарӣ дар кишварро ҳамвортар сохт.

Сулҳи барқароршуда, суботи воқеӣ, ҳамраъйии мардум ба мақомоти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пайи иҷрои нақшаву ниятҳои созандагӣ гардад. Дар муддати начандон тӯлонӣ бунёд гардидани коргоҳу марказҳои истеҳсолӣ, озмоишиву татқиқотӣ, сохтмони шоҳроҳҳои бузург, ки ҳама манотиқи ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд, вусъат бахшидан ба сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқӣ, ба хусус Неругоҳи барқи обии Роғун, дар баробари таконбахшӣ ба рушди иқтисод, боло бурдани некуаҳволии мардум, баланд гардидани обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, ба мустаҳкамшавии риштаҳои пайванди ҳамдигарӣ ва неруманд гардидани ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд.

Муҳаметов Ғ.Б. – д.и.п., профессори кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии факултети филологияи руси ДМТ

Шарипова С С. – н.и.ф., дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи руси ДМТ