РОҲҲОИ НАВИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ВА ТАРҶУМАРО БОЯД ҶӮСТ

267

Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки бархе аз фаъолияти кафедраҳои марбутаи факултет ба таҷдид ниёз дорад. Самти омӯзиши забони русӣ дар робита ба тарҷумаи бадеӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд.

Ректори донишгоҳ омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонро муҳим арзёбӣ намуданд.