ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – МАШЪАЛАФРӮЗИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

121

Воқеан, мулоқоти Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли илм ва маорифи кишвар як ҷаласа ва нишасти озодонаи илмие буд, ки тамоми соҳаҳои илми кишварамонро дар бар мегирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои рӯзмарраи татбиқи ислоҳот дар соҳаи илму маориф, мушкилоти соҳаи илм ва таълим дар баромадашон ҳаматарафа баррасӣ гардид.

Ҷаноби Олӣ дар хусуси дарёфти роҳҳои самараноки тарбия дар шароити муосир, рӯ овардан ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табии, рушди зеҳни сунъӣ ва омӯхтани забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, тамоми ҷабҳаҳои илму маорифро таҳлилу таҳқиқи олимона намуданд. Аз ин бар меояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуфтаҳои боло ва хусусан омӯхтани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, мо пажӯҳишгарони соҳавиро водор месозад, ки дар раванди таълиму тарбия нақши бориз дошта бошем.

Ҷаноби Олӣ, дар баромадашон дастоварду камбудиҳои ҷойдоштаро кушоду равшан баррасӣ намуданд, ки ин боиси ифтихори мо омӯзгорон ва устодони соҳаи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта камари ҳиммат мебандем.

Бояд гуфт, ки намояндагони илму маорифи кишвар ин мулоқоти Президенти кишварро чор сол боз интизорӣ мекашиданд. Зеро ба ҳама камбудиву норасоиҳо нигоҳ накарда, олимону муҳақиқони кишварамон дар замони соҳибистиқлолӣ софдилона хизмат намуда,ба натиҷаҳои илмию таълимӣ ноил гардидаанд.

Ба зами ҳамаи ин, аз таҳлилҳои муҳтарам Президенти кишвар бармеояд, ки барои ба талаботи замон ҷавобгӯ будани илму маориф боз корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотиеро бояд ба анҷом расонем, ки барои муаррифии миллату давлатамон зарурати амалӣ доранд.

Бардошти хеле муҳим аз ин баромад шахсан барои ман ин таъкиди Ҷаноби Олӣ вобаста ба масъулияти олим дар назди ҷамеамебошад.Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар кишвари мо илму маориф яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат буда, олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста мешаванд. Воқеан, бе олиму илм ҷомеа пеш рафта наметавонад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо бояд тазаккур дод, ки масъалаи шинохти мақому мартабаи олим дар ҷомеа, имрӯз муҳиммияти хосса пайдо намудааст. Пешвои муаззами миллат дар баромадашон такрор ба такрор вобаста ба таёр кардани кадрҳои болаёқат, таълиму тарбияи кадроҳи илмӣ ва илмӣ-педагогӣ диқкати махсус зоҳир намуданд. Дар баробари ин, оид ба муносибати баъзе роҳбарони илмӣ ба шогирдон изҳои нигароӣ намуда, қайд намуданд, ки онҳо бояд ба шогирдон муносибати олимона ва илмӣ дошта бошанд.

Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузошта, барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф пешниҳоду ҳидоятҳои мушаххас намуданд.

Маълум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣаз ҷониби Сарвари кишварамон ба мактабу маориф, хусусан, тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад ва маориф ҳамчун самти афзалиятноки стратегии давлат эътрироф карда шуд. Дар баробари ин, боз ташкилу гузаронидани озмунҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ташкил карда шудааст, албатта ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Президенти кишвари мо машъалафрӯзи илму маърифат буда,дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа як такони ҷиддие ба илми ватанӣ ва таълиму тарбияи миллӣ дода тавонист.

Ба андешаи мо, олимони соҳаи педагогика ва методикаи таълими забони русӣ мулоқоти мазкур як падидаи беназири таълимию тарбиявӣ ба шумор рафта, барои рушди илму маорифи тоҷик стратегияи навест, ки олимони кишварро барои пешравии ҷомеа муаззаф менамояд.

Ҳоҷиматова Г.М.-доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДМТ