Муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи ғоибона

Одиназода Фарида Абдулваҳоб

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 908878587

Почтаи электронӣ: madzhidov_2025@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

25 – уми октябри соли 2000 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 2017-2021 факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм намудааст. Соли 2021 баъди хатми дараҷаи бакалавриат ба шуъбаи рӯзонаи магистратураи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2023 бо дипломи аъло факултети мазкурро хатм намудааст. Солҳои 2018-2022 дар муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии No128 – и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2019-2021
дар вазифаи роҳбари созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No128 – и ноҳияи Рӯдакӣ кор ва
фаъолият намудааст. Солҳои 2022-2023 дар вазифаи котиб-коргузори факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи русӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.