Маркази забон ва фарҳанги русии ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) санаи 10-уми июни соли 2010 дар асоси созишномаи таъсиси «Маркази русӣ», ки миёни ташкилоти ғайритиҷоратии «Фонди “Русский мир”», ки бо Фармони Президенти Федератсияи Россия №796 аз 21-уми июни соли 2007 бо мақсади тарғибу ташвиқи забон ва адабиёти рус, пуштибонии барномаҳои омӯзиши забони русӣ дар хориҷ таъсис ёфтааст, ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баста шудааст, ифтитоҳ ёфтааст.
Маркази забон ва фарҳанги русии ДМТ фаъолияти худро дар чаҳор самт ба роҳ мондааст:
1. Ҳамчун низоми таълимӣ, ки имконият медиҳад забон ва фарҳанги Россия бо истифода аз методикаҳо ва барномаҳои пешрафта самаранок омӯзонида шаванд. Барномаҳо чунин фаъолиятҳоро дарбар мегиранд: курсҳо аз рӯи барномаи “Забони русӣ ҳамчун ғайримоддӣ”, кори мустақилона ва гурӯҳӣ бо маҷмӯаи мултимедиа, тамошо ва гӯш кардани курсҳои таърих, хондани лексияҳо оид ба санъат, омӯзиши асарҳои адабии классикӣ, инчунин истифодаи таҷҳизоти омӯзиши зеҳнӣ (интеллект-тренажёрҳо).
2. Ҳамчун маркази методӣ, ки ба омӯзгорони забон ва адабиёти рус имкон медиҳад сатҳи тахассусии худро баланд бардоранд, бо усулҳои нави таълим шинос шаванд, маводи таълимӣ ва илмиро интихоб кунанд, маслиҳатҳои заруриро оид ба масъалаҳои худ гиранд.
3. Ҳамчун маркази захиравӣ, ки дастрасӣ ба захираҳои бузурги иттилооти таълимӣ, методӣ ва илмӣ-оммавии Россияро фароҳам меорад.
4. Ҳамчун майдон барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ (намоишгоҳҳо, мастер-классҳо, шабҳои филм, озмунҳои эҷодӣ, фестивалҳо ва ғ.) ва илмӣ (конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, лексияҳо ва ғ.), инчунин муҳити муоширати ғайрирасмии намояндагони фарҳангҳои гуногун.
Маркази забон ва фарҳанги русии ДМТ бо чунин мавод таъмин аст:
- адабиёти бадеӣ;
- адабиёти таълимӣ;
- китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ;
- адабиёти илмӣ-оммавӣ;
- нашрияҳои кӯдакона;
- китобҳо дар бораи таърих, фалсафа, равоншиносӣ, фарҳанг, санъат, иқтисод, ҳуқуқ;
- луғатҳои забони русӣ, нашрияҳои маълумотдиҳанда, энсиклопедияҳо;
- медиатека (бонк ё маҷмӯаи маводи мултимедиявӣ, аз ҷумла аудио, видео ва дигар маводҳои электронӣ).
Бо мақсади дастгирии ҷомеаи омӯзгорӣ ва маорифии ҷумҳурӣ, Маркази забон ва фарҳанги русии ДМТ ҳамкории зич бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия, МАПРЯЛ, ҶСК «Нашриёти “Просвещение”» ва дигарон ба роҳ мондааст. Омӯзгорони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳо метавонанд ба маводи методӣ ва дастовардҳои навтарини соҳаи омӯзиши забони русӣ дастрасӣ пайдо кунанд, инчунин машваратҳои онлайн бо мутахассисони пешбари соҳа гиранд. Дар доираи густариши ҳамкорӣ, гузаронидани вебинарҳо ва дигар чорабиниҳои онлайнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон ва инчунин ба ҳалли мушкилоти дар раванди омӯзиши забони русӣ кумак мерасонанд.
Суроға:
ш. Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, маҳаллаи Хисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои
10, ошёнаи 1, Маркази забон ва фарҳанги
русӣ.
Соати
корӣ:
Душанбе — шанбе: аз соати 12:00 то 17:00
Телефонҳо:
(+992) 915146877
(+992) 918723462
Почтаи
электронӣ:
tnurus@mail.ru
mnagzibekova@mail.ru
Роҳбари Маркази забон ва фарҳанги русӣ – доктори фанҳои филологӣ, профессор Нагзибекова Мехриниссо Бозоровна.