Маҳфил: Ҳифзи забони модарӣ

602

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ – 5-уми октябр дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ нишастҳои гуногун баргузор гардид. Чун анъана дар заминаи маҳфили илмию адабии «Посдорон ва дӯстдорони забон», ки роҳбарии онро мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Н. Каримов ба дӯш дорад, дар миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамоишҳои гуногун гузаронида мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби устодони кафедраи забони муосири тоҷики факултети филология чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар робита ба ин рӯз дар факултети химия маҳфили илмӣ таҳти унвони «Шаҳди забони модарӣ» миёни донишҷӯёни курсҳои якум доир гардид. Дар маҳфил устодони кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик М.Муслимов, С.Ҳайдарова, А.Тураҳасанов, Х.Кабиров, Ҳафиззода Д., Назари М., раиси татбиқи қонуни забони модарӣ дар факултет С.Ф.Шодиева ва муовини декан оид ба таълим С.И. Сафаров иштирок доштанд.

Дар оғоз раиси татбиқи қонуни забони модарӣ дар факултет С.Ф Шодиева оид ба омӯзиш ва ҳифзи забони тоҷикӣ суханронӣ намуд. Баъдан устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик М. Муслимов суханронӣ намуда, афзуданд, ки «Забони тоҷикӣ танҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ пушту паноҳ ва ҳомии ҳақиқию воқеии худро дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт. Пешвои миллат бо камоли ғамхорию дилсӯзӣ дар қатори дигар арзишҳои миллӣ муқаддас будани забонро гаштаю баргашта таъкид намуда, дар роҳи ҳифзу гиромидошт ва эҳёи он заҳматҳои зиёде кашида, миллати куҳанбунёди моро барои муқаддас нигоҳ доштани ин ёдгории беназири ниёгон ҳидоят намуданд».

Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 31050102 факултет Нуршед Бобоев дар мавзӯи «Назаре ба таърихи рушди забони тоҷикӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки «шаклгирии забони адабии мо аз замони устоди сухан Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз ёфта, дар тӯли таърих шаклу қолаб ва меъёрҳои худро ҳифз намуд. Бо гузашти солҳо Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забон ва адабиёт заминаи мустаҳкам муҳайё намуд».

Сипас донишҷӯи курси 1-уми факултет Солеҳзода Шариф дар мавзӯи «Забони химия» маърӯза намуда, баён дошт, ки «ҳар илм ба худ забони хоси тахассусӣ дорад, ки он саҳеҳии ягонаи мафҳумҳо ва истилоҳоти дар он истифодашавандаро инъикос менамояд. Забони химия асосан аз рамзҳо, истилоҳҳо ва формулаҳо иборат аст. Ҳисоб карда шудааст, ки дар адабиётҳои алкимиёгарон бештар аз 3600 аломату ифодаҳо, яъне рамзҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд».

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни факултет Покиза Саидова, Мирзозода Суманнисо, Абдуалилзода Сайёд, Анӯшервони Саймумин, Мадина Холмуродзода, Шоҳфазои Илҳом ва дигарон шеърҳо дар васфи забони модарӣ қироат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси кафедраи мазкур дар мавзӯи «Таҳқиқи муқоисавии лексикаи лаҳҷаи тоҷикони ҳавзаи Сурхандарё ва гӯйиши ҷанубии забони тоҷикӣ» семинарии умумидонишгоҳии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст аз ҷониби устодони кафедра роҷеъ ба мавзӯи ҳамоиш маърӯзаҳои илмӣ ироа шуданд.