Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типология мукоисавӣ

Мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент

ШОСАФАРОВА ГУЛНОРА ГУЛМАХМАДОВНА

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.

Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, хонаи 301

Почтаи электронӣ: shosafarova.g@mail.ru

                                                       Таърихи таъсиси кафедра

        Кафедра ҳамзамон бо шуъбаи  забон ва адабиёти рус дар факултети таъриху филология соли 1948 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо кафедраи забони русӣ ном дошт ва дар факултети забон ва адабиёти рус таълими тамоми фанҳои забоншиносӣ ва таълими забони русиро дар дигар факултаҳо таъмин мекард. Соли 1963 он ба ду кафедра: кафедраи забоншиносии русӣ ва славянӣ ва кафедраи забони русӣ (байни факултетҳо) тақсим карда шуд. Солхои 80-ум дар шуъба 8 нафар кор мекард. Аз инхо 7 нафар номзади илмҳо: Т.И. Бодрова, Т.И. Горбачёвский, Т.Е. Пометун аз соли 1954, И.А. Филипповская – аз соли 1952, П.А. Клубков, В.С. Ушаковский, М.В. Шамсиева, 1 ассистент- Л.И. Степенкова (дар оянда – дотсент), Дар ин солҳо дар кафедра инҳо кор кардаанд: Г.И.Коляда — доктори илми филология, профессор — яке аз мутахассисони машҳури таърихи полиграфия дар байни славянхои Шаркӣ; номзади илми филология, дотсент С.Д. Арзуманов мутахассиси лексикология эронӣ ва грамматикаи муқоисавӣ; номзади илми филология, дотсент А.К. Власов (1910-1982), ки аз соли 1957 то 1978 роҳбарии кафедраи забоншиносии русӣ ва славяниро ба ӯҳда дошт, мутахассиси забоншиносии умумӣ ва славянӣ, таърихи забони русӣ; Б.И. Казаков — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири шӯъба дар солҳои 1969-1972; номзади илмҳои филология, дотсент А. А.Никольский (дар оянда мудири кафедраи Донишкадаи педагогии шаҳри Рязан), – мутахассиси таърихи забони адабии рус ва наҳви нутқи шифоҳии русӣ.

        Дар робита ба ифтитоҳи Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) факултет барҳам дода шуда, кафедра дар заминаи факултети филология (1996-2007) ба фаъолият оғоз кард. Ба он доктори илми филология, профессор Меҳринисо Бозоровна Нагзибекова роҳбарӣ мекард. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми мактаби олӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 (№ 6609) ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи миллӣ дода шуд. Соли 2007 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети забон ва адабиёти рус дубора эҳё шуд ва дар заминаи он кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ таъсис ёфт.

    Айни замон роҳбарии кафедраро дотсент Г.Г. Шосафарова ба ӯҳда дорад.
       Ҳоло кафедра бо мутахассисони пешқадами худ — доктори илмҳои педагогй, профессор Рузиева Л.Т. доктори илмҳои педагогӣ, профессор Негматов С.Э.; номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентҳо: Икромзода Х.И., Ашмарина Л.В.; Шосафарова Г.Г., Бобоева Р.Н., Шарипова С.С.; муаллими калон, ки таҷрибаи чандинсола дорад – Маҳмудова Ф.Қ., ва ассистентони ҷавон Буранова З.А., Маҷидов Н.Ф., Одинаева Ф.А., Ҳабибов И.О., ки дар  тарбияи мутахассисони оянда – филологҳо  ва  муаллимони забон ва адабиёти рус саҳм мегузоранд,  ифтихор мекунад.

Фаъолиятҳои таълимӣ

      Мақсади асосии кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ омода намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус, тарҷумонҳои соҳибихтисос аз забони русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ мебошад.

       Аз соли 2010 инҷониб дар кафедра барномаи магистрӣ аз рӯи ихтисоси 21050210 «Забон ва адабиёти рус», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта шудааст, фаъолият намуда, худи ҳамон сол дар шабакаи Донишгоҳҳои  мамлакатҳои  ИДМ якҷоя бо Донишгоҳи  дӯстии халқҳои Россия аз рӯи барномаи  «Забон ва адабиёти рус» фаъолият дорад.

Ҳайати устодони кафедра:

   Ҳоло дар кафедра 11 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд.
1. Шосафарова Гулнора Гулмахмадовна – н.и.ф., дотсент (мудири кафедра)

Айни ҳол дар кафедра 9 нафар омӯзгор ва як лаборант фаъолият доранд:

Шосафарова Гулнора Гулмаҳмадовна – номзади илмҳои филологӣ, дотсент (мудири кафедра)

Рузиева Лола Толибовна – доктори илмҳои педагогӣ, профессор

Негматов Садуллоҷон Эргашевич – доктори илмҳои педагогӣ, профессор

Икромзода Хайём Икром – номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Ашмарина Людмила Владиславовна – номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Шарипова Саодат Сайдуллоевна – номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Бабаева Роҳат Наимовна – номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Маҳмудова Фирӯза Қосимовна – устоди калон

Буранова Зулфия Абдулҳақимовна – ассистент

Наҷотова Шукрона Ғиёсудиновна – лаборант

Фаъолияти таълимию методӣ

      Дар кафедра амал мекунад: Шӯрои илмӣ-методӣ (ШИМ). Вазифаи асосии ШИМ – аз гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмию методии дастнависҳои корҳои илмию методии аъзоёни кафедра иборат аст.

    Дар доираи семинари методӣ ҳар моҳ гузоришу паёмҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои мубрами фанҳои забоншиносӣ ва педагогӣ шунида ва мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Маърӯзачиен аз таҷрибаи гузарондани корҳои таълимӣ ва  усулҳои самарабахши ташкили корҳои  таълимую тарбиявӣ  нақл мекунанд, инчунин ҳамкасбонро бо адабиёти навини методӣ оид ба проблемаи пешниҳодшаванда шинос мекунанд.

     Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД). ҶИД донишҷуёни ҳамаи курсҳои факултети филология русро муттаҳид менамояд. Аъзоёни маҳфил ба забони русӣ бахшида ба санаҳои муҳим   шабҳои тематикӣ, композицияҳои мусиқӣ-адабӣ тайёр мекунанд, газетаҳои деворӣ мебароранд. Роҳбарии маҳфили  илмии «Забоншинос» (Лингвист)-ро дотсент Бобоева Рохат Наимовна ба уҳда дорад.

      Фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ. Кафедра дар самти « илмҳои филологӣ» дар мавзӯи «Забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ мебарад. Натиҷаи корҳои илмии омӯзгорони кафедра чопи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, инчунин интишори мақолаҳои илмию методӣ мебошад, ки ба донишҷӯён дар навиштани  маъруза, реферат ва корҳои санҷишию эҷодӣ мусоидат мекунанд.

   Устодони кафедра ба китобҳои дарсӣ, монографияҳо, рисолаҳо, дастурҳои таълимию методие, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, тақриз менависанд.

      Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ яке аз кафедраҳои пешбари донишгоҳ ба шумор меравад. Дар давоми се соли охир дар кафедра зиёда аз 10 рисолаи номзадӣ аз рӯи ихтисоси 02.10.20 – забоншиносии қиёсӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ баррасӣ ва ба ҳимоя тавсия карда шудааст.

                               Хамкории байналхалқи

       Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ ҳам бо созмону маҷаллаҳои илмии хориҷӣ ва ҳам ватанӣ ҳамкории зич дорад. Дар кафедра донишҷӯён ва магистрони кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Устодони кафедра мунтазам дар  маҷаллаҳои Русия ва кишварҳои ИДМ нашрияҳо омода мекунанд.

Нашрияҳои устодони кафедра

Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ

  1. Бабаева Р.Н. Забони русӣ барои синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти

миёнаи умумӣ бо забони таълими тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф, 2024. – 276 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. Маводи таълимӣ-

методӣ барои таҳсили фосилавӣ. Дастури таълимӣ. – Душанбе: ҷДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 80 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои факултетҳои филологӣ (нашри таҷдидшуда). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  • Хоҷиматова Г.М. Худи мо кор мекунем: дастури таълимӣ барои

донишҷӯёни ихтисосҳои ғайризабоншиносӣ. – Душанбе: ЧДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 168 саҳ.

  • Бабаева Р.Н. Забони муосири русӣ (фонетика ва лексикология).

Душанбе, 2019. – 156 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои ихтисосҳои ҳуқуқӣ (соҳаи касбии муошират). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ (соҳаи касбии муошират). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои ихтисосҳои тиббӣ ва дорусозӣ (соҳаи касбии муошират). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  • Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои ихтисосҳои геологӣ (соҳаи касбии муошират). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  1.  Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. ва ғ. Курси амалӣ аз

забони русӣ барои ихтисосҳои биологӣ ва химиявӣ (соҳаи касбии муошират). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 174 саҳ.

  1.  Рузиева Л.Т., Негматов С.Э., Ашмарина Л.В., Бабаева Р.Н., Шарипова

С.С., Маҳмудова Ф.К., Буранова З.А. Дастури методӣ оид ба навиштани корҳои курсӣ ва хаттӣ. – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 42 саҳ.

  1.  Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. Забони русӣ.

Намунаҳои таҳлили забоншиносӣ. – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 88 саҳ.

  1.  Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С., Маҳмудова Ф.К.,

Буранова З.А. Курси амалӣ аз забони русӣ (қисми 2). – Душанбе: ҶДММ «Абдулло ва Искандар К», 2019. – 140 саҳ.

Нашрияҳои таълимӣ-методӣ

  1. Шосафарова Г.Г., Рузиева Л.Т., Нурматова Д.С., Жанг Йинг Йинг.

Забони муосири рус. Морфология. – Душанбе: ТНУ, 2023. – 108 саҳ.

  • Азизова М.Э., Бабаева Р.Н. Забони муосири русӣ. Лексикология.

Душанбе: ТНУ, 2022. – 84 саҳ.

  • Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. Фарҳанги кӯтоҳи лингвистӣ.

Душанбе: ТНУ, 2022. – 25 саҳ.

  • Рузиева Л.Т. Таърихи таълимоти забоншиносӣ: конспекти лексияҳо.

– Душанбе: ТНУ, 2023. – 83 саҳ.

  • Нурматова Д.С., Рузиева Л.Т.  Забони муосири рус. Морфологияи феълҳои русӣ.

Душанбе: ТНУ, 2023. – 104 саҳ.

  • Рузиева Л.Т. Курси лексияҳо аз фанни «Таърихи забони адабии

русӣ». – Душанбе: ТНУ, 2023. – 22 саҳ.

  • Курси амалӣ аз забони русӣ (ҷамоаи муаллифон). Дастури

таълимӣ. – Душанбе: ТНУ, 2023. – 316 саҳ.

  • Рузиева Л.Т. Курси лексияҳо аз фани «Масъалаҳои муосири

забоншиносӣ». – Душанбе: ТНУ, 2023. – 55 саҳ.

9. Фарҳанги кӯтоҳи лингвистӣ (ҷамоаи муаллифон). – Душанбе: ТНУ,

2023. – 25 саҳ.

10. Рузиева Л.Т., Мухаметов Г.Б., Шарипова С.С., Шосафарова Г.Г.

Курси амалӣ аз забони русӣ. – Душанбе: ЧДММ «Абдулло ва Искандар К», 2024. – 198 саҳ.

11. Рузиева Л.Т., Шарипова С.С., Шосафарова Г.Г. Намунаҳои таҳлили

лингвистӣ. – Душанбе: ТНУ, 2024. – 81 саҳ.

12. Рузиева Л.Т., Икромзода Х.И., Гарибова М.А. Практикум оид ба

тарҷума. – Душанбе: ТНУ, 2024. – 73 саҳ.

     13.  Икромзода Х.И., Шосафарова Г.Г., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С.

Роҳнамои методӣ оид ба навиштани корҳои курсӣ, хатм ва магистрӣ. – Душанбе: ТНУ, 2024. – 61 саҳ.

  1. Шосафарова Г.Г., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С., Ашмарина Л.В.

Забони муосири русӣ. Синтаксиси ибора ва ҷумла. – Душанбе: ТНУ, 2024. – 108 саҳ.

  1. Бабаева Р.Н., Шосафарова Г.Г., Шарипова С.С. Забони муосири

рус. Фонетика, лексикология ва морфология. – Душанбе: ТНУ, 2024. – 264 саҳ.

  1. Негматов С.Э. Типологияи муқоисавӣ. – Душанбе: ТНУ, 2024. –238 саҳ.

                               

Вазифа: мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

Дараҷа, унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 880082616

Почтаи электронӣ: shosafarova.g@mail.ru 

Маълумоти мухтасар:

           ШОСАФАРОВА ГУЛНОРА ГУЛМАҲМАДОВНА

     Мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

12 октябри соли 1973 таваллуд шудааст. Солҳои 1990 -1995 дар ДДО ш. Душанбе ба номи К. Чӯраев (ҳоло С.Айнӣ) таҳсил кардааст. Аз соли 1995 то 2000 дар вазифаи ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОТ фаъолият намудааст. Пас аз хатми аспирантура, соли 2003 муаллими калони кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ фаъолият намуда, соли 2013 рисолаи намзадиро дар мавзӯи “Ҷумлаҳои содаи дутаркибаи ҳикоягӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ” дар назди Шурои диссертатсионии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 10.02.20 – забоншиносии –қиёсӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ дифо намудааст. Аз соли 2016 то 2022  дар кафедраи номбурда ба ҳайси дотсент фаъолият мекард. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва дастури таълимӣ мебошад. Бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мукофотонида  шудааст.

   Икромзода Хайём Икром 

Вазифа: декани факултети филологияи рус

Дараҷа, унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

Маълумот барои тамос

Суроға:  734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 937198030

Почтаи электронӣ: dalerjonti@gmail.com

Маълумоти мухтасар

      4 марти соли 1989 дар Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Солҳои 2007-2012 дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Елес таҳсил кардааст. Аз соли 2013 то соли 2014 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2014 ба аспирантураи ДМТ дохил шуда, соли 2016 рисолаи номзадиашро пеш аз мӯҳлат ҳимоя кардааст.

         То соли 2017 дар кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи руси ДМТ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Соли 2018 дар озмуни байналмилалии «Олимони ҷавони кишварҳои ИДМ» ғолиб омада, бо дипломи дараҷаи 1 (Федератсияи Русия) сарфароз гардидааст. Соли 2021 бо ҷоизаи “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз шудааст. Соли 2022 дар озмуни пурнуфузи муҳаққиқон ва олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ ширкат карда, ғолиби озмуни мазкур гардида, дипломи ғолиби озмунро шахсан аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳаққиқон ба даст овард. миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Рузиева Лола Толибовна

Вазифа: профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

Дараҷа, унвони илмӣ: д.и.п., профессор

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 907389398

Почтаи электронӣ: akila.ru@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

         Профессори кафедраи забоншиносии умумї ва  типологияи муќосавї.

26 ноябри соли 1960 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тољик. Маълумоташ олї. Соли 1982 донишгоњии давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленинро (айни њол ДМТ) факултети забон ва адабиёти русро хатм намудааст ва дар кафедраи забони русї барои донишљўёни хориљи дар њайси ассистент кор ва фаъолият намудааст. Рисолаи номзадї ва баъд аз он рисолаи докториашро њимоя намудааст. Айни њол профессори кафедраи забоншиносии умумї ва типологияи муќоисавї мебошад. Зиёда аз 100 маќолањо ва дастурњои методї навиштааст.

Негматов Саъдуллоҷон Эргашевич

Вазифа: профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

Дараҷа, унвони илмӣ: д.и.ф.,профессор

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 918506318

Почтаи электронӣ: snegmasi@rambler.ru

Маълумоти мухтасар:

Профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва  типологияи муқосавӣ.

26 январи соли 1950 дар шаҳри Ленинобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1970 донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Кировро (айни ҳол ДДХ ба номи Б.Ғафуров) факултети забон ва адабиёти русро хатм намудааст. Айни ҳол доктори илмҳои педагогӣ ва профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус мебошад. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳо ва дастурҳои методӣ мебошад.

                            Маҳмудова  Фирӯза Қасимовна

Вазифа: муаллими калони кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

Дараҷа, унвони илмӣ:

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 918875370

Почтаи электронӣ: MakhudovaF@incom.ru

Маълумоти мухтасар:

  Муаллимаи калони кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ дар факултети филологияи рус аз моҳи феврали соли 2008 кор мекунад. 

  22.04.1954   дар шаҳри Душанбе  таваллуд  шудааст. Маълумоташ олӣ мебошад. Миллаташ тоҷик. Соли 1976 донишгоҳии давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.

Ихтисосаш – филолог, муаллимаи забон ва адабиёти рус. Зиёда аз 40 мақолаи илмӣ дорад. Бо ҳамроҳии олимони рус аз шаҳри Петербург дар навиштани китоби забони русӣ барои мактабҳои рус иштирок намудааст.

Якчанд сол котиби Шӯрои олимони факултети филологияи рус буд. Инчунин вазифаи Раиси шӯрои занони факултетро иҷро мекард. Куратори гурӯҳи академӣ мебошад.

                                    Буранова Зулфия Абдулхакимовна

Вазифа: ассистенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ

Дараҷа, унвони илмӣ:

Ихтисос: забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10

Телефон: 907185441

Почтаи электронӣ: buranov.zulfiya.71@mail.ru

     Маълумоти мухтасар:

Ассистенти  кафедраи  забоншиносии умумӣ ва типологияи муқосавӣ 

           1 апрели соли 1972 дар шаҳри Бишкеки Ҷуҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Миллаташ узбек. Маълумоташ олӣ. Соли 1993 ДДЗТ ба номи С.Улуғзода факултети забон ва адабиёти русро хатм намудааст. Ихтисосаш филолог, муаллимаи забон ва адабиёти рус.

    Айни ҳол ассистенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус мебошад. Муаллифи мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ мебошад.