Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

             Гарибова Маҳтоб Азизбековна

Вазифа: Мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

Дараҷа, унвониилмӣ: номзади илмҳои филологи, дотсент

Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,

шаҳраки Донишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 904-46-99-98

Почтаи электронӣ: mahtob1974@mail.ru

ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ КАФЕДРА

Кафедраи тарҷума вамуоширати байнифарҳангӣ соли 2017 дар заминаи факултети филологияи рус ташкил шудааст. Бо фармони ректори ДМТ аз 21 феврали соли 2017, № 55-6 номзади илмҳои филология, дотсент Тешаев Хайём Икромович (Икромзода Хайём Икром) иҷрокунандаивазифаи  мудири кафедра таъингардид. 30.06.2018 азозмун гузашта, мудири кафедра  таъиншуд.

Аз соли 2023 дар асоси озмун аз 26 майи соли 2023 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои филология, дотсент Ғарибова Маҳтоб Азизбековна ба ӯҳдадорад (то ҳол).

Кафедра донишҷуёнро бо ихтисосхои (21050404) “Назария ва амалияи тарҷума”, (21050208) “Забони хориҷӣ (бо нишон додани забон)”омода мекунад.

Кафедра тарҷумонҳои баландихтисосро аз русӣ ба тоҷикӣ ва баръакс, аз русӣ ба англисӣ ва баръакс тайёр мекунад. Ҳайати омӯзгорони  кафедра аз фанҳои «Тарҷумашиносии муосир», «Назария ва амалияи тарҷума», «Забони муосири рус» курсҳои махсусро дарс медиҳанд. Курсҳои дар боло зикршуда имконият медиҳанд, ки мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки қобилияти зуд ва мустақилона аз худ кардани мундариҷаи илмию амалии курсҳо ва маълумоти иловагии дахлдорро доранд, омода созад.

Фаъолияти тадқиқотӣ:

Омузгорони кафедра барои гузаронидани лексияҳо ва дарсҳои амалӣ заминаи фароҳами таълимӣ-методӣ ба вуҷуд овардаанд. Онҳо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ ба мисли «Матни тарҷумаи муқоисавӣ (аз рӯи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ)» – Нағзибекова М.Б., «Луғати тафсирии русӣ-тоҷикии тарҷума» – Нағзибекова М.Б., Мирзоева М.М., «Матни тарҷума аз тоҷикӣ ба русӣ» – М.Б. Нағзибекова, «Луғати тафсири истилоҳоти тарҷумонӣ»– М.Б. Нағзибекова, М.М. Мирзоева, «Назарияи тарҷума (Дастури талимӣ)» – М.Б. Нағзибекова, «Тарҷума ва балоғати сухан (ҷилди 1)» – Б. Камолиддинов, М.Б. Нағзибекова, «Тарҷума ва балоғатисухан (илди 2)» – Б.Камолиддинов, М.Б. Нағзибекова, «Луғати мухтасари истилоҳоти тарҷумонии русӣ–тоҷикӣ»–НағзибековаМ.Б., МирзоеваМ.М., «Хусусиятҳои фаъолияти гурӯҳи мавзӯъи калимаҳо бо маънои «олами ҳайвонот» дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ» – Х.И. Тешаев, «Муқаддимаи забоншиносӣ» Китоби дарсӣ барои гуруҳҳои тоҷикии ихтисосҳои филологӣ – Дудко Л.Н., МирзоеваМ.М., НегматовС.Э., «Китобидарсӣаз забони муосири русӣ (Морфология. Хиссаҳоиномӣ)»Маҷидова Н.Х., Мирзоева М.М., ТешаевХ.И., «Тарҷумаи синхрони» Тешаев Х.И., МирзоеваМ.М., ДавлатовМ.А., «Дастурҳои таълимӣ аз забони русӣ». –Нағзибекова М.Б. (ҳаммуаллиф), Китоби дарсии «Забони русӣ барои тарҷумонҳо» (Нағзибекова М.Б., Ғарибова М.А., МирзоеваМ.М.), Китоби дарсӣ аз забони муосири русӣ (МирзоеваМ.М.), Луғати тарҷумони (Нағзибекова М.Б., Мирзоева М.М.), Нағзибекова М.Б. китоби ”Забони русӣ барои тарҷумонҳо” (Нағзибекова М.Б., Гарибова М.А., Мирзоева М.М.) вадигар китобҳоро ба табъ расонидаанд. Ин номгӯи китобҳои дарсии нашршуда аз нерӯи баланди илмию педагогии кафедра шаҳодат медиҳад.

Кафедра дар пажӯҳишҳои илмию методии худ аз имкониятҳои ҳамкорӣ натанҳо бо дигар кафедраҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки бо кишварҳои ИДМ, Аврупова Осиё васеъ истифода мебарад. Дар доираи барномаи табодули донишҷӯён, донишҷӯён ва магистрҳо барои 1 ё 2 семестр ба дигар донишгоҳҳо фиристода мешаванд. Натиҷаи робитаи фаъол бо дигар муассисаҳои таълимӣ он аст, ки устодони кафедра дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Фаъолиятҳоитаълимӣ:

Кафедра тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки донишҷӯён таҳсилоти босифат гиранд, ки дар шароити муосир талабот доранд ва на танҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он низ мутахассиси рақобат пазир гарданд.

Кафедра дорои фанҳои зерини асосӣ мебошад:

Дараҷаи бакалаврӣ

Фанҳои умумикасбӣ:

1. Назарияи тарҷума.

2. Асосхои тарҳумаи бадеӣ.

3. Ҷанбаҳои забонии тарҷума.

4. Забони ҳозираи рус.

5. Забони ҳозираи тоҷикӣ.

6. Забони англисӣ.

7. Забоншиносии умумӣ ва ғайра

Фанҳои тахассусӣ:

1. Курси амалии тарҷума.

2. Тарҷумаи хаттӣ.

3. Тарҷумаи шифоҳи.

4. Хусусиятҳои тарҷумаи матнҳои ҳуқуқӣ.

5. Тарҳумаи матнҳои ҷамъиятию сиёсй ва ғайра.

Магистратура (шуъбаи рӯзона) самти«Тарҷумон»:

Фанҳоиумумӣ:

1. Тарҷумашиносии муосир.

2. Мушкилоти тарҷумаи матнҳои соҳавӣ.

3. Таҳлили лингвистии матн.

4. Забоншиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ.

5. Асосҳои муоширати байнифарҳангӣ.

Ҳамкории байналмилалӣ:

Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ бо як шабакаи васеи робитаҳҳо бо донишгоҳҳо, факултетҳо, марказҳои илмии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ дорад: Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск, Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин ва дигарон ҳамасола дар конфронсҳои байналмилалӣ ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он фаъолона иштирок мекунанд. Хамин тарик, танҳо дар соли 2022 ду омузгори кафедра 4 маротиба ба хориҷи кишвар сафари кори доштанд.

Донишҳён дар озмунҳои донишгоҳи, ҷумҳурияви ва байналмилали низ фаъолона иштирок намуда, ҳойҳои ифтихориро ишғол мекунанд.

Марказҳо, офисҳо, лабораторияҳо:

Кафедра дорои якчанд синфхонаҳои дорои технологияи инноватсионӣ

мебошад.

Аз тарафи устодони кафедра, китобҳои методи-омузиши чоп карда шудааст:

1. Учебник русский язык для переводчиков -Душанбе , – 2024,160 с.
2. Практический курс русской литературы. – Душанбе, 2024,300 с.
3. Рабочая тетрадь. –Душанбе, 100 с.
4. Руководство к учебнику русского языка 11 класс. М.,Просвещение. – 160 с.

5. Русский язык для переводчиков. – Душанбе, 2024. –

6. Русский язык. 11 класс. Учебник для школ с таджикским языком обучения. – М., Просвещение. – 2024. – 285 с.

7. Гарибова М.А.Глаголы речи в русском и таджикском языках:Сходства и различия Душанб, ТНУ  Душанбе, ТНУ,– 2024- 180 с., УДК: 811,161, 1 (076): 81(2РУС) Г-20). (монография)

8. Глобальные компетенции в образовании (коллективная монография) Душанбе. ТНУ. 2024. С. 160).

             Гарибова Маҳтоб Азизбековна

Вазифаишғолкарда:: мудири кафедра тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

Дараҷа, унвониилмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,

шаҳраки Донишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 904-46-99-98

Почтаи электронӣ: mahtob1974@mail.ru

 Маълумоти мухтасар:

   Мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ. 03 декабри соли 1974 таваллуд шудааст. Солҳои 1990 -1995 дар ДДО ш. Душанбе ба номи К. Чӯраев (ҳоло С.Айнӣ) таҳсил кардааст. Аз соли 1995 то 2000 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи ботаникаи факултети биология ба кор шуруъ намуд. Аз соли 2000 ба вазифаи ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. Аз соли  2016  то ҳол раиси Иттифоқи касабаи факултети филологияи русро ба уҳда дорад. Соли 2017 тариқи озмун ба вазифаи муаллими калони  кафедраи мазкур гузаронида шуд.Соли 2021 рисолаи намзадиро дар мавзӯъи “Феълҳои гуфтугӯ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ:монандӣ ва фарқият” дар назди Шурои диссертатсионии Донишггоҳи миллии  Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои  10.02.20 – забоншиносии –қиёсӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ,10.0222. – забонҳои хориҷии кишварҳои  Аврупо,Осиё,Африка,аборигенҳои Америка  ва Австралия(таджикский язык). Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва дастури таълимӣ мебошад. Бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ” мукофотонида  шудааст.

Нагзибекова Мехриниссо Бозоровна

Вазифаи ишғолкарда: Профессори кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

Дараҷа, унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор, Академики Академияи педагогӣ ва иҷтимоии   Федератсияи Россия

Ихтисос: филолог, муаллими забон ва адабиёти рус

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳри Душанбе,

шаҳраки Донишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 915-14-68-77

Почтаи электронӣ: mnagzibekova@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

    24 июни соли 1955 дар шаҳри Душанбеи ҶТ Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 57-и шаҳри Душанберо хатм карда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Горкий ба номи Н.И. Лобачевский (ҳоло Нижний Новгород). Солҳои 1977-1983 ассистенти кафедраи забони русии донишгоҳии давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко буд (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айни). . Солҳои 1983-1986 аспиранти Донишгоҳи давлатии Горкий ба номи Н.И. Лобачевский (ҳоло Университети давлатии ба номи Н. И. ЛобачевскийНижний Новгород). Моҳи апрели соли 1986 дар Шурои диссертационии Донишгоҳи давлатии ба номи Н. ЛобачевскийГорький (Ҳоло Нижний Новгород) дар мавзуъи «Ибораҳои феълӣ бо пуркунандаи бевосита лар забони русӣ (ба муносибати инъикоси хусусияти онҳо дар интиқоли воситаҳои грамматикии тоҷикӣ) рисолаи номзадиашро  химоя кард.Соли 2000 дар шӯрои диссертатсионии ДМТ дар мавзӯи «Проблемҳои  тадқиқотӣ конструксияҳои феъли бо объектҳо (пуркунандаҳо) дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ».

    Солҳои 1986-1989 дар вазифаи муаллими калони кафедраи забоншиносии умумии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи В. С Улугзода фаолият намудааст. Аз сентябри соли 1989 то имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Солҳои 1989-1992 дотсенти кафедраи забоншиносии русӣ ва славянӣ;    солҳои 1992-1994 – мудири кафедраи  забони русӣ ва забоншиносии славянӣ;  1994- 1997 – рухсатии декретӣ; 1997-2000 – докторант; 2000-2002 – дотсенти кафедраи филологияи рус; Солҳои 2002-2007 –  мудири кафедраи филологияи рус; 2007 -2015 – декани факултети забон ва адабиёти рус; 2015-2017 – профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ; аз соли 2017 то ба имрӯз профессори кафедраи тарҷума ва муоширтиботи байнифарҳангӣ. Аз соли 2010 то ҳол Роҳбари маркази русии ДМТ.

         Дар баробари ин М.Нағзибекова  илми филологияи Тоҷикистонро  дар арсаи байналхалқӣ бо иштироки фаъолонаи худ  дар конфронсҳо, форумҳо, симпозиуму семинарҳои илмӣ, чопӣ  мақолаҳои илмиву методӣ ва маърӯзаҳо дар давлатҳои дуру наздики Русия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Хитой  ва ғайра  муаррифӣ карда аст.

         Дар арсаи пешбурди  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми арзанда дорад. Ӯ муаллифи   зиёда аз 300 номгӯи  мақола, монографиҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ  барои муассисаҳои  таҳсилоти миёна ва олии ҶТ мебошад.  Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ карданд.

Бо ташаббуси ӯ оиди проблемаҳои омӯзиши забони русӣ, типологияи муқоисавӣ, назария ва амалияи тарҷума ва ғ. конференсияҳои илмӣ байналхалқӣ баргузор гардидааст.

         Барои хизматҳои бисёрсолааш дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён, ташкили равияҳои ихтисоси тарҷумонӣ ва саҳмгузоштан  дар чорабиниҳои илмию фарҳангии ҶТ  ва ФР  соли 2002 бо  нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, соли  2008 бо ордени “Шараф  – дараҷаи 2”, соли 2016 бо  медали Пушкини мукофоти давлатии  ФР сарфароз гардонида шудааст.

Хикматова Фарзона Каримчоновна

Вазифаи ишғолкарда:ассистенти кафедра

Дарача, унвони илмӣ:

Ихтисос: забоншинос. Тарҷумон

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳриДушанбе,

шаҳракиДонишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 915-88-42-22

Email: farzona.khikmatova@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

     17 январи соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2003 то соли 2014 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 таҳсил кардааст. Соли 2015 ба факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 ин факултетро хатм кардааст. Аз соли 2019 то соли 2021 дар факултети филологияи руси ДМТ,шуъбаи магистратуроро бо ихтисоси “Назария ва амалияи тарҷума” хатм намудаааст. Аз моҳи октябри соли 2021 ассистенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар Шӯрои илмии факултет дар мавзӯи «Лакунҳои байнизабонӣ ва усулҳои тарҷумаи онҳо» (дар асоси забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология,профессор М.Б. Нағзибекова тасдиқ карда шуд.

Зардиева Суман Нуриддиновна

Вазифаи ишғолкарда: ассистенти кафедра

Дарача, унвони илмй:

Ихтисос: забоншинос. Тарҷумон

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳриДушанбе,

шаҳракиДонишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 000-01-89-01

E-mail: nuriddinovna95@bka.ru

Маълумоти мухтасар:

20 августи соли 1995 дар Душанбе таваллуд шудааст.Соли 2015 мактаби миёнаи №91-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ӯ факултети забонҳои Осиё ва Аврупоро бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм карда, дар дар факултети филологияи рус шуъбаи магистратураро бо ихтисоси “Назария ва амалияи тарҷума”хатм кардааст. Аз соли 2017 то соли 2020 дар вазифаи муҳаррири маҷаллаи «Вестник»-и Донишкадаи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2020 дар вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДМТ фаъолият намудааст. Соли 2022 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи руси ДМТ ва аз соли 2023 то ба имрӯз сармутахассиси шуъбаи кор бо занону духтарони ДМТ ва ҳамзамон дар вазифаи ассистенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ фаъолият дорад.

Амонов Хасан Оймахмадович

Вазифаи ишғолкарда:ассистент

Дараҷа, унвони илмӣ:

Ихтисос: Тарҷумон

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳриДушанбе,

шаҳракиДонишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 902-33-56-66

Почтаи электронӣ:amonovhasan97@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Муовини декан оид ба таълими факултети филологияи рус.

15 феврали соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонтаваллуд шудааст. Солҳои 2015-2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Сипас соли 2020 ба шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратураи факултети филология, журналистика ва медиатехнологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистондохил шуда онро соли 2022 хатм намудааст.Аз соли 2020 то 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи забон ва адабиёти руси факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз соли 2022 то 2023 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии коллеҷи техникии Донишгоҳи давлатии техникӣ ба номи М.Осимӣ, соли 2023 ассистенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2024 ба ҳайси муовини декан оид ба таълими факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудаистодааст.

Саидова Сумангул Рахматуллоевна

Вазифаи ишғолкарда: лаборанти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ

Дарача, унвони илмӣ:

Ихтисос: забоншинос. Тарҷумон

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳриДушанбе,

шаҳракиДонишҷӯен, бинои 10, аудиторияи 324

Телефон: 006261616

Почтаи электронӣ: saidovasuman819@gmail.com

Маълумоти мухтасар:

19 августи соли 2001 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2007-2017 дар мактаби миёнаи №90-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 2019-2023 дар факултети филологияи тоҷики ДМТтаҳсил намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 дар кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ ба ҳайси лаборант кор мекунад. Магистранти соли 2-юми факултети филологияи рус мебошад.