30 сентябри соли 2025 кафедраи тарҷума ва иртиботи байнифарҳангии факултаи филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии тарҷумон озмун баргузор мекунад.
Ҳадафҳои озмун инҳоянд:
муайян ва дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд ба тарҷумаи касбӣ;
ташаккул додани малакаҳои таҳлили муқоисавии матнҳо ба забонҳои гуногун;
инкишоф додани малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ;
ривоч додани неруи эчодӣ ва тадқиқотии донишҷӯён.
Тамоми донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иштирок даъват карда мешаванд.