ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЧАНДРАСОНАӢ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ РУСӢ

51

16 январи соли 2025 дар доираи Мактаби зимистонаи омӯзгорони факултети филологияи руси ДМТ бо иштироки Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои чандрасонаӣ дар дарси забони русӣ» семинар доир гардид. Баромадкунандаҳои семинар инҳо буданд: доктори илмҳои филология, профессори ДМТ Меҳринисо Нағзибекова ва мудири Маркази илмию методии забони русии Хонаи русӣ дар Душанбе, н.и.и. Любовь Дудко. Дар семинар масъалаҳои истифодаи технологияҳои мултимедиявӣ дар таълими фанҳои донишгоҳӣ аз забон ва адабиёти рус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Дар доираи семинар, инчунин, аз ҷониби хатмкардаи факултети филологияи руси ДМТ, методисти варзидаи литсейи ба номи Ҷомии шаҳри Душанбе Равшан Сафаров дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар забони русӣ дарси маҳорат баргузор гардид. дарси забон бо мақсади баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён» дар асоси захираҳои Маркази русии ДМТ доир шуд.           

Қобили зикр аст, ки давраи дарсҳо оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар мактабҳо ва ДМТ то охири моҳи феврал идома хоҳад кард.  Омӯзгорон малака ва дониши заруриро барои таълими хонандагон тибқи стандартҳои муосири таълим мегиранд.