Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт

371

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.

Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сокинони пойтахт ва кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон – сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон исбот намуд, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Бинобар ин шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки сарҷамъу муттаҳид бошанд, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаро ҳифз намоянд, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашанд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт. 

www.president.tj