Ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда, ба ҷомеаи тоҷик хатари бузург дорад. Мушоҳида мешавад, ифротиён кушиш ба харҷ медиҳанд, ки асосан ҷавононро ба сафи гуруӯҳҳои динӣ ифротӣ моил созанд. Шарту зарур аст, ки мо дастаҷвмъона ба ин зуҳурот мубориза барем. Таърифи аниқу муайян додани мафҳумҳои мазкур, бахусус мафҳуми «ифротгароӣ» на фақат барои таҳияи меъёрҳои ба ҳам монанди ҳуқуқӣ, балки бо мақсади вусъат додани корҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ дар миёни аҳолӣ ва махсусан ҷавонон зарур аст. Зеро дар айни замон, бахусус дар кишварамон, на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси ин зуҳуроти нангини ҷомеа тасаввуроти равшан доранд. Дар адабиёти фалсафӣ ва сиёсӣ таърифи умуми эътирофшудаи ифротгароӣ вуҷуд надорад. Чунон ки дар тадқиқотҳои илмӣ зикр гардидааст, дар зери ниқоби ифротгароӣ аксаран зуҳуроти мухталиф: аз шаклҳои гуногуни муборизаҳои синфӣ ва озодихоҳона, ки истифодаи зўроварии сиёсиро роҳандозӣ мекунанд, то ҷинояткориҳои аз ҷониби гурўҳҳои ҷиноятпеша содиршаванда бо ҳам омезиш меёбанд.
Дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо ифротгароӣ» чунин таъриф оварда шудааст: «ифротгароӣ – ин зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ифода кардани шакли ифротии амалиёт ба шумор меравад, ки ба тахрибкорӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳо, барангехтани низову адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват менамояд.[1] Қонуни номбурда аз 20 модда иборат буда, тавзеҳоти муосирро оид ба муқовимат ва пешгирии ифротгароӣ дар бар мегирад. Дар ин Қонун ба зуҳуроти ифротгароӣ баҳои воқеӣ ва таърифи возеҳ дода шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки нахустин ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ дар ҷаҳони ислом пас аз фавти Паёмбар Муҳаммад, вақте ки мубориза барои мероси сиёсӣ ва динии ҳукумат оғоз ёфт, пайдо шуд. Тибқи ақидаи муҳаққиқи рус И. П. Петрушевский, ҳаракатҳои тундравӣ ва динии ифротгароӣ дар олами ислом ҳангоми ҳукмронии Аббосиён арзи вуҷуд намуданд.[2] Дигар муҳаққиқон ба ин андешаанд, ки ин ҳаракатҳо баъди вафоти халифа Умар ба вуҷуд омадаанд.[3] Аммо ба мо нуқтаи назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздиктар аст: раҳбари давлат собит менамояд, ки нахустин равияҳои динӣ-сиёсӣ ва ифротгароӣ дар ислом дар давраи ҳукмронии сулолаи Уммавиён пайдо шудаанд.[4] Равияи аз ҳама машҳури ин сулола хавориҷиён, хуррамиён ва қарматиён ба шумор мерафтанд. Омўзиши вазъи асосии ақоиди қарматиён ба аксар муҳаққиқон имкон дод, ки ин равияро ҳамчун равияи «инқилобгар» ва ҳатто «сотсиалистӣ» маънидод намоянд, ки ҳадафи он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам маҳсуб меёфт.[5]
Дар байни олимоне, ки ба омўзиши масъалаҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ машғуланд, таснифоти навъи махсуси ифротгароии динӣ-сиёсӣ паҳн гаштааст. Ин душворӣ бахусус аз ҷониби гурўҳи олимони Руссия дар монографияи зери таҳрири Н. З. Сафаралиев хеле хуб таҳия гардидааст. Дар ин монография таснифоти чунин намудҳо ва шаклҳои ифротгароӣ оварда шудааст:
1. Ифротгароии байнимазҳабӣ, ки бар зидди намояндагони дигар мазҳабҳои динӣ нигаронида шудааст. Масалан, мубориза дар байни гурўҳҳои динӣ-ифротгароии исломӣ, ҳиндӣ ва синкхия дар Ҳиндустон.
2. Ифротгароии дохилимазҳабӣ, ки дар дохили як дин мазҳабу равияҳои гуногуни он бар асоси гуногунии ғоявӣ муқобили ҳам қарор доранд. Масалан, гурўҳҳои ифротгароии суннӣ, ки бар зидди аҳолии шиа амал мекунанд ё ташкилоти ифротгароии яҳудӣ, ки дар Фаластин фаъолият менамояд. Ба намуди охирини ифротгароӣ ҳамчунин муборизаи табақаҳои поёнии диниро алайҳи пешвоёни расмии динӣ ва умуман, ашрофони расмии динӣ мансуб донистан мумкин аст.
3. Ифротгароии зиддимодернизатсионӣ. Ин намуди ифротгароӣ зидди қабули низоми арзишҳои байналмилалии нави дунявӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба ин назар аст, ки навгониҳои муосири дунявӣ ба ғояҳо ва меъёрҳои анъанавии динӣ мухолифанд. Ин намуди ифротгароӣ бахусус барои кишварҳои исломӣ (Эрон, Афғонистон, Судон) хос аст.
4. Ифротгароии динӣ-сиёсии зиддинизомӣ (ба маънои маҳдуди он). Алайҳи ғояҳои сохти дунявие нигаронида шудааст, ки ташкилотҳои анъанавии диниро ба ҳайси мақоми қонунии қувваҳои сиёсӣ эътироф намекунанд (Алҷазоир, қисман Ўзбекистон, Туркия).
5. Ифротгароии динӣ-сиёсии байналмилалӣ. Бар зидди давлатҳо ва ҳукуматҳои беруна, ҳамчунин алайҳи ташкилотҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст (Ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои ба ҳамин монанди сиёсатмадори динӣ).
Ба назари мо, ки муайянкунандаи намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароӣ ба мафҳуми «ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ» асос ёфтааст. Маҳз ҳамин мафҳум ба мо имкон медиҳад, ки намудҳо ва шаклҳои мухталифи ифротгароиро пурра ва амиқ фарқ карда, тасвир намоем. Дарвоқеъ, ифротгароӣ, тибқи нуқтаи назари такмилёбанда, ин муайянкунии тарҳи муносибатҳои сиёсист, ки ба ҳалли (рафъи) ким-кадом ихтилофоти иҷтимоӣ-сиёсӣ равона шудааст. Бидуни ихтилофот дар хусуси амалҳои ифротгароӣ сухан гуфтан маънӣ надорад ва чунин амалиёт мазмуни иҷтимоӣ-сиёсиашро гум мекунад ва ба стаҳи равоншиносии (психопатологияи) муқаррарӣ мефарояд.
Ба ақидаи мо, хусусиятҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ он аст, ки ифротгарон ҳама гуна амалҳои зиддиқонунии худро бо далел овардани тафсироти оятҳои муқаддаси Қуръон дуруст мешуморанд ва ба шахсоне, ки идеологияи онҳоро ҷонибдорӣ наменамоянд таҳмил мекунанд. Имкониятҳои чунин тафсирот дар ислом, ба мисли бисёр динҳои дигар хеле зиёд аст. Мавҳумоти матнҳои муқаддас, муқобил гузоштани диндорон ба бединҳо (дар сатҳи таълимоти динӣ), мавҷудияти аҳкоми динӣ оид ба амалҳои ҷанговарона, ҳамчунин таҷрибаҳои таърихии тафриқаҳои динию мазҳабӣ (бахусус дар асрҳои миёна) имкон медиҳанд, ки матнҳои муқаддас алайҳи моҳияти аслӣ ва таъиноти динӣ маънидод карда шаванд.
Омилҳои васеъ паҳн гаштани ифротгароии динӣ-сиёсиро дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор намудан хеле душвор аст. Дар тӯли ду даҳсолаи давраи истиқлолият дар ҳаёти ҷомеаи тоҷик тағйироти куллӣ ба амал омад ва тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ дучори дигаргуниҳо шуд, бахусус сатҳи шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла сатҳи диндории мардуми кишвар боло рафт. Сохтори сиёсию давлатӣ, ғояҳои расмӣ ва идоракунии мақомоти олии кишвар тағйир ёфтанд, моликияти умумиҷамъиятӣ хусусӣ гардонида шуданд, бойигарии миллӣ ба ақаллияти ночизи аҳолӣ тақсим карда шуд. Гардиши куллӣ ба сўйи муносибатҳои бозорӣ бо афзалиятҳои арзиши моддии он ба вуқўъ пайваст. Барои ҳар як сокини кишвар интихоби яке аз ин ду роҳ ба миён омад: агар ту бою бадавлат бошӣ, қадру қиммат дорӣ; агар не, арзише надорӣ. Аз даст додани нишонаҳои қаблии ҳокимият дар нишонаҳои фардӣ, яъне, дар мақоми хонаводагӣ ва муносибат ба насли калонсол низ инъикос ёфтанд. Чунин вазъияти ногузир ба тамоми муносибатҳои инсонӣ бетаъсир намонд. Акнун фарқияти байни одамон аз рўи даромадҳои пулӣ, дороию нодориашон муайян мегардад. Масъалаи меҳнат ва бекорӣ ҳамчун масъалаҳои соф иқтисодӣ, ба рўзгори одамон дахлнопазир маънидод карда мешаванд. Дарвоқеъ, меҳнат ва дуршавӣ аз меҳнат, қабл аз ҳама, душвории вуҷудӣ ва бунёдии рўзгори муосир ба шумор меравад. Ин маънӣ он далелро собит месозад, ки дар тўли тамоми таърихи мавҷудияти тамаддуни инсонӣ, меҳнат ченаки муқаддас ба шумор мерафт, дар сурате, ки мафҳуми «самаранокии иқтисодӣ» фақат бо пайдоиши иқтисоди бозорӣ дар даврони нав ба майдон омад.
Хулоса, пешгирӣ ва муқовимат ба зуҳуроти ифротгароӣ, дар ҳамкориҳои мутақобилаи байни гурўҳҳои иҷтимоӣ, дар ҳама давру замон ва то имрўз муҳимтарин вазифаи давлат буд ва хоҳад монд. Аз нуқтаи назари мо, дар мубориза ба ифротгароии динӣ-сиёсӣ масъалаҳои зер аз ҳама муҳимтарин ба шумор мераванд: ошкор намудани ғояҳои динӣ-ифротгароӣ, тавсифи хусусиятҳои равонии ифротгарон, омўзиши тартибу қоидаҳои пайдоиш ва инкишофи ифротгароии динӣ-сиёсӣ, ҳамчунин муайян кардани омилҳои пайдоиши ҷонибдорон ва идеологҳои тундравкунонии ҷомеа ва дар ниҳоят посух дарёфтан ба суолест, ки «Чаро одамон ба гурўҳҳои динӣ-ифротгароӣ шомил мешаванд?». Кўшишҳо оид ба кушодани асосҳои бунёдии ифротгароии динӣ-сиёсӣ барои ошкор намудани робитаҳои байниҳамдигарии онҳо мусоидат менамоянд. Ифротгароии динӣ-сиёсӣ, дар намуди умумии он, мумкин аст, ҳамчун таҷрибаи халал ворид намудан ба асосҳои тартиботи мавҷудаи ҷамъиятӣ муайян карда шавад.
Кафедраи забони русӣ барои факултетҳои
ғаирифилологии
ДМТ, д.и.п., профессор Мухаметов Г.Б.
[1] Закон РТ о борьбе с экстремизмом. г. Душанбе, 8 декабря 2003 года № 69
[2] Петрущевский И. П. Ислам в Иране в VІІ –ХV вв. Ленинград, 1966. -С.277.
[3] Элиаде М. Словарь религий, обрядов и верований. М., 1997. -С.175.
[4] Эмомалӣ Раҳмон. Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор. Душанбе, 2009. -С.22.
[5] Абдель Карим Хадиджа. Религиозное и идеологические течение в исламе в средние века. Дис…д-ра ист. наук. СПб, 2004. -С.15.
