ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ВА ДАРСҲОИ ВАТАНДӮСТӢ

233

Дар доираи баргузории вохӯриҳои хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои соли таҳсили 2023-2024 имрӯз (31.10.2023) дар факултети филологияи руси Донишгоњи миллии Тољикистон бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён хониши сиёсии навбатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси сарпарастони донишгоҳ Илҳомиддин Ашуров, номзади илмњои сиёсӣ дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Имомиддин Раҷабов ва номзади илмҳои тиб, дотсент Арофат Ахмедова оид ба мавзуҳои таҳдидҳои замони муосир ва ҳифзи саломатӣ маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои муосир ва мардумфиребонаи ҳизбу ҳарактҳои террористиву экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаи Интернет мебошад. Дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда ҳар як узви ҷомеа бояд посухҳои муносиб диҳад, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва солимии ҷомеа сухан карда шуд.

Зикр карда шуд, ки хонишҳои сиёсӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону зиёиён мунтазам дар дигар факлтетҳо гузаронида мешаванд.