ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ-ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

14

Имрӯз (19.02.2025) дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳимиллии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣбаргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф., сардори шуъбаи телевизиони ММИ-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Шарифӣ Б., декани факултети Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш., декани факултетижурналистика Ҳошимзода Б. ва декани факултети филологияи рус Икромзода Х. иштирок намуданд.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф. зимни суханронии хеш иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯз аксари ҷавонони мамлакат ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонон имрӯз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи худ содиқ монда, дар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Зимнан сардори шуъбаи телевизиони ММИ-и Вазорати мудофиа, подполковник Шарифӣ Б. аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат бобати рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан сухан намуда, зикр кард, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошанд.

Таъкид гардид, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро ба хубӣ дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни чорабинӣ Абдурашид А., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика ва донишҷӯён дар васфи Ватан шеърҳоқироат намуданд.

Дар анҷом аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ва садорати факултетҳо ба донишҷӯёни фаъоли факултетҳо, ки дар чорабиниҳои донишгоҳӣ фаъолона иштирок менамоянд, сипоснома ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ супорида шуд.