Халқи тоҷик саҳифаҳои саршори ифтихори миллӣ ва ахлоқию маънавии хешро ба оламиён дар масири таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи хеш пешниҳод карда, халқи меҳнатдӯст, соҳибилм ва фарҳангофарбуданашро борҳо собит намудааст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки фарзандони ин миллати бузург соҳиби ору номуси баланд, ифтихори ватандорӣ ва меҳанпарастӣ буда, дар ҳама гуна давру замон барои тантанаи асолатҳо ва рисолатҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузоштааст.
Мусаллам аст, ки ифтихори баланд аз худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандустӣ, ҳисси худогоҳӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дустӣ ва рафоқат, дурӣ гузидан аз унсурҳои ҳиёнат ва макру фиреб ба давлату ватан аз рисолатҳои барҷастаи ҳар як фарди поквиҷдон ва ҳалолу пок маҳсуб меёбад. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбориҳои зиёд паси сар намуда, дар густариш ва рушду нумӯи давлати соҳибистиқлол ҷонфидоӣ кардаанд.
Имрӯзҳо ба шарофати хидматҳои асил ва наҷиби фарзанди фарзонани миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯ ба ҷониби кишвари мутараққӣ гузошта, махсусан дар даҳсолаи охир ба пешравиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ноил гардид. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аз он иборат аст, ки дастоварҳоимавҷударо чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушдутакомули кишвари маҳбубамон монда нашуда, содиқонавуустуворона меҳнат кунад.
Дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи ҷавонон дар рӯхияи баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ маҳсуб ёфта, аз падару модар, устоду мураббӣ ва ҳар узви солими ҷомеа зиракӣ, ҳушёрӣ ва хислатҳои баргузидаи муҳаббатро ба диёру меҳан ва ҳар як порчаи замини муқаддаси тоҷикон дар ботини насли наврас ва хусусан ҷавонон ташаккул ва парвариш диҳанд.
Махсусан ҷавононро азгаравидан ба гуруҳҳои террористӣва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти зишти падидаи ѓайриинсонӣ ҳушдор ва огоҳ сохта, онҳоро дар партави масъулиятшиносӣ, ҳимояи ҳар як порчаи замини падарон ва модарон, гузаштагон ва ояндагон раҳнамун сохта, рӯ ба ҷониби амалҳову кирдорҳои нек ҳидоят намоянд.
Президенти мамлакат, асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмиллал ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дунёро аз хатари вусъатбахши терроризм ва ифротгароӣ ба насли башар ва абнои одам таъкид намудаанд. Ҳануз соли 2011 мавриди суханронӣ дар иҷлосияи байналмиллалии мубориза бо терроризм дар Эрон сарвари муаззами кишварамон чунин изҳори ақида намуданд: «Терроризм имрӯз беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ѓайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст».Идеологияи хавфноки ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ беш аз пеш ба сафи худ тарафдоронро аз гӯшаву канори гуногуни дунё, минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заифу нокомил ҷамъ намуда, ба фаъолияти доманадори хеш хусусият ва услуби байналмиллалӣ медиҳанд. Ширкати намояндагони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳайати силоҳбадастони ѓаддору хиёнатгар борҳо собит шудааст. Таассуф, ки бино бар ахбороти мӯътамад дар байни онҳо бархе аз шаҳрвандони мо низ ба гурӯҳи қотилон шомиланд ва ниятҳои қабеҳро дар дил мепарваранд.
Кулли қотилон ва мунодиёни мафҳуми ба ном озод кардани кишварҳо ба номи поки ислом иснод оварда, дар роҳи қатли ом аз ягон роҳу усули одамкушӣ ва кушторипурдаҳшатдаст намекашанд. Воқеаҳои имрӯзи кишвари ба мо ҳамсояи Афѓонистон далел бар он аст, ки олами ба ном мусалмонӣ торафт ба қатли қавму миллатҳои гуногун, ки аслан гуноҳе надоранд, роҳ медиҳад.
Киҳоанд онҳо? Посух аз мантиқ дур нест. Онҳо бидуни шубҳа хиёнаткорони ватан, фаъолони амалҳои ҷиддии зиддиинсонӣ, қотилони хунхор, аҷноси нопоку ҳароманд, ки зиндагии осоиштаи хешро ба ҳаёти ҷангҷӯёнаву куштор, рузгори пур аз ташвишу маѓал ва изтиробу ҳаяҷон мубадал намудаанд. Хуб медонанд, ки ҷанг миёни инсонҳо оташангехтан аст, аз ин ҷанги пурситам ва ҷабру ҷафои даҳр ҳазорон нолаву фиѓон аст.
Мусаллам, ки барои чунин тоифа роҳи халосу сафедшавӣ нест. Онҳо дар ниҳояти кор ба ҷузъ ба ѓуссаву алам фурӯ рафта, ҷони азизи худро пеши марги ногузир гузоштан илоҷи дигар надоранд.Эминшудан аз ѓазаби Худо ва чашми оламиён барояшон ноимкон аст, ҳарчанд кӯшиши пинҳон шуданашон монанди ѓӯтазании моҳиён дар об аст.
Мутассифона, терроризм шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз чумла, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, харидуфуруши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ѓайриқонунӣ касб кардааст. Чунонки Президенти мамлакат дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, «қочоқи маводи мухаддир аз манбаҳои асосии бо маблаѓ таъмин намудани амалиёти террористӣ шудааст».
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки муборизаи қотеъ бар зидди падидаҳои даҳшатовар ва ташвишангез иқдомоти дастҷамъонаи аҳли ҷомеаро тақозо менамояд ва ба дарёфти роҳу усули решакан кардани ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои терроризм ва ифротгароӣ, ки аз амалҳои зиддиинсонист, даъват менамояд.
Мусаллам аст, ки дар раванди таълиму тарбияти насли наврас, ҷавонону толибилмон масъалаи мазкур бо тамоми ҷиддият ва масъулият ба маърази муҳокима гузошта мешавад. Дар ин бобат тарѓибу ташвиқи ѓояҳои олии ватандустӣ, механпарварӣ, азму суботи комил дар самти омӯзиши илму ҳунар, касбу кор аҳамияти мухим пайдо менамояд.
Имрӯзҳо зарур аст, ки ба даъватҳо ва гуфтаҳои пурқимати гузаштагонамон – бузургони илму адаб гӯши шунаво андозем. Онҳо андарз медиҳанд, ки боидрок, босубот ва меҳнатдӯст бошем, барои ба даст овардани ризқу рӯзии ҳалол кӯшиш намоем, рушду нумӯи касбу кор ва таъмини зиндагии осудаю бобаракатро роҳандозӣ намоем. Бо таъбири шоир:
Касби камол кун, ки азизи ҷаҳон шавӣ,
Кас бе камол ҳеҷ наарзад, азизи ман.
Дар ҳошияи суханҳои боло дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбии махсус ва олии мамлакат пайваста ва мунтазам ба роҳ мондани дарсҳои тарбияту парвариш дар самти вусъати ташаккули шуури сиёсӣ ва маърифатӣ-маънавии хонандагон ва донишҷӯён муҳим ва зарур шуморида мешавад. Нерӯи дарк кардани ҳисси муҳаббат ба халқу ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси Ватан, таҳкими сулҳусубот ва ягонагиву ваҳдати миллӣ аз омилҳоеанд, ки насли наврас ва ҷавонони кишварро ба ҷониби ахлоқи ҳамида ва бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозад.
Саъдӣ фармудааст, ки «адаб аз беадабон омӯхтаанд». Ба андешаи мо, дар соатҳои тарбиявӣ намоиши наворҳое, ки аз ҷониби террористон қатлу куштори кудакону калонсолон, занону духтарон ва умуман одамони бегуноҳ, оташ задани хонаҳо, биноҳои маъмурӣ, фарҳангиву маърифатӣ, иншоотҳои хоҷагии халқ ва амсоли он ба амал омадааст, нафрати хонандагону донишҷӯёнро ба рафтору кирдори ѓайриинсонии афроди нопок афзун мегардонад.
Ҳамчунин ташкили дарсҳои беруназсинфӣ дар заминаи хониш ва таҳлили порчаҳои насру назм аз эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик баѓоят муассир менамояд. Махсусан қироати достонҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, таҳаммули андешаҳои ҳакимонаву хирадмандонаи шоири шаҳири ватандуст ва ватанпарвар аз омилҳои манфиатбахши канорагирӣ аз хислатҳои даҳшатнок ва низоъталаб буда, ташаккули насли наврасро дар руҳияи одаму одампарастӣ, дӯстиву рафоқат таъмин месозад. Ҳакими бузург танин меандозад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
…
Лозим ба ёдоварист, ки шууру тафаккури ҳар як фарди ҷавони баору номуси миллатро бо андешаҳои солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ободкорӣ ташаккул бояд дод. Мебояд, ки дар хусуси хислатҳои наҷиб, амсоли мардонагӣ дар роҳи ҳифз ва ободии ватан, ҷавонмардӣ ва футувват бештар саҳм бояд гузошт, то ки кишвари азизи мо – Тоҷикистон ҳамчун мамлакати намунавӣ, сулҳдӯст ва раийятпарвар обрӯ ва нуфузи тоза пайдо кунад.
(ДАВОМАШ РУЗҲОИ НАЗДИК ДАР НАШРИЯИ “БА ҚУЛЛАҲОИ ДОНИШ” )
Докторони илмҳои педагогӣ, профессорон:
Негматов С.Э., Мухаметов Г.Б. ва Рузиева Л.Т.