20 СОЛИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ВА РУШДИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

531

Яке аз самти муҳими Созмони Хамкории Шанхай мусоидат ба ҳамкориҳои самарабахши давлати аъзои Созмони Хамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ якқатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти СҲШ мебошад, дар фазои ин созмон беш аз 140 мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд.

Роҳи Абрешим ба халқҳои давлати аъзо СҲШ на танҳо арзишҳои моддӣ, балки анъанаҳои бузурги гуманистии таҳкими сулҳ ва ҳамсоягии нек, ҳамкориҳои мутақобилан судманд – анъанаҳои муттаҳидсозии кишварҳо ва халқҳои гуногунро, ки боиси пешрафти инсоният мегарданд, ба мерос мондааст. Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ зарурати амали муштаракро барои эҷоди механизми ҳамкорӣ дар доираи Созмон, ки ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи сайёҳӣ равона карда шудааст, тақозо мекунад.

25 марти соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аввалин мулоқоти сарони маъмуриятҳои сайёҳии давлати аъзо СҲШ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ба ҷуз давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин, ҳайатҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка низ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни ин ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи СҲШ баррасӣ карда, оид ба таҳияи Барномаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои Созмон, дар бораи зарурати ташкили Гурӯҳи кории доимии коршиносон мубодилаи афкор карданд.

Бо дарки аҳамияти сайёҳӣ дар рушду инкишофи СҲШ давлатҳои аъзои СҲШ Барномаи рушди ҳамкории сайёҳиро барои соли 2015 ба имзо расониданд. Баъдан Нақшаи муштараки амалиёт барои иҷрои барномаи ҳамкориҳои сайёҳӣ барои соли 2018 ба имзо расид. Дар барнома қадамҳои амалӣ оид ба таблиғи маҳсулот ва технологияҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани бехатарӣ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ муайян карда шудаанд. Котиботи СҲШ, инчунин, Консепсияи силсилаи чорабиниҳоро таҳти унвони “Ҳашт мӯъҷизаи СҲШ” таҳия ва бо мақсади таблиғи тамғаи давлатҳои аъзои СҲШ ҳамчун макони сайёҳӣ, инчунин, баҳри такони иловагӣ ба паҳн намудани мероси таърихӣ ва фарҳангӣ оғоз намуданд.

Сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёт ва амиқтар кардани муколамаи фарҳангҳо байни халқҳои СҲШ нақши муҳим дорад. Масъалаи истифодаи самараноки потенсиали сайёҳӣ дар рӯзномаи ҷаласаи коршиносони давлати аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки рӯзҳои 25-26 апрели соли 2017 дар қароргоҳи Созмон дар Пекин таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ҷойгоҳи асосиро ишғол намуда буд. Иштирокчиёни ҷаласа дар бораи таҷрибаи татбиқи сиёсати давлатӣ ва рушди қонунгузории миллӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки бо дастгирии маъмуриятҳои миллии сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ташкил карда шуда, маълумот дода, лоиҳаи Нақшаи муштараки амалиётро оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории СҲШ дар соҳаи сайёҳиро барои солҳои 2017-2018 таҳия кардаанд. Нақшаи мазкур ба амиқтар намудани ҳамкории мақомоти давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таблиғи маҳсулоти сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сайёҳон ва таъмини амнияти сайёҳӣ равона шудааст. Инчунин, ин санад масъалаҳои таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияҳои сайёҳиро дар бар мегирад.

Дар доираи СҲШ механизми Мулоқоти сарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои Созмон таъсис шудааст ва амал мекунад. Ҷаласаҳо ҳамасола бо пешниҳоди давлати раисикунандаи СҲШ баргузор мешаванд. Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкории давлати аъзои СҲШ дар рушди нерӯи сайёҳӣ, инфрасохтори саноат, сайёҳии оқилона, расонидани хадамоти бе тамос ба сайёҳон баррасӣ карда мешаванд. Дар доираи Созмон Барномаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ дар Тошканд 24 июни соли 2016 қабул карда шуд ва ҷонибҳо, инчунин, Нақшаи чорабиниҳои муштаракро оид ба татбиқи Барномаи мазкур барои солҳои 2021-2022 таҳия карданд, ки дар ҷараёни ҷаласаи охирини сарони маъмурияти сайёҳии давлати аъзо СҲШ 22 майи соли 2020 қабул карда шуд. Ҷаласаҳои коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз соли 2007 инҷониб 10 маротиба, солҳои 2007, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 баргузор шудаанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ СҲШ бо Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ робитаҳои расмӣ барқарор намуда, дар давоми 19-умин Саммити СҲШ, ки рӯзҳои 13-14 июни соли 2019 дар Бишкек баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Ёддоштро дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва дабири кулли СУС Зураб Пололикашвили имзо карданд. Ёддошт бар асоси “эъломияи муштарак”, ки котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва СҲШ моҳи апрели соли 2010 имзо карда буданд, таҳия шудааст.

Самтҳои ҳамкорӣ дар доираи Ёддошт инҳоянд:

 – мубодилаи навовариҳо ва технологияҳо дар соҳаи сайёҳӣ;

– расонидани кумак ба давлати аъзо СҲШ дар баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодии ҷомеаҳои маҳаллӣ;

– рушди устувори сайёҳӣ, аз ҷумла таъмини амният ва осонии саёҳат, ҳифзи истеъмолкунандагон, идоракунии хавфҳо ва бӯҳронҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда;

– ҳавасмандгардонии шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба ташаббусҳое, ки ба ҷалби сармоягузорӣ ба бахши сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ кумак мекунанд;

– пешбурди сиёсати баланд бардоштани рақобат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла занҷирҳои арзиши сайёҳӣ;

– таблиғ ва маркетинги маҳсулоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ;

 – гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ дар доираи барномаи кории СУС оид ба рушди устувори сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи СУС, алахусус дар соҳаи такмили ихтисос ва таълими кадрҳо;

– тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ.

28 майи соли 2021 конфронси байналмилалӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар фазои СҲШ дар заминаи пандемия, ки аз ҷониби Котиботи Шӯрои Ҷавонони СҲШ ва Котиботи СҲШ бо дастгирии Платформаи Ҷавонони SCOLAR ташкил карда шуд, дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар доираи Конфронси байналмилалӣ намояндагони вазорату идораҳои масъули рушди сайёҳӣ дар Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инчунин Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ маърӯза карданд.

Дар суханронии худ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар Конфронси байналмилалии рушди сайёҳӣ дар фазои СҲШ дар заминаи пандемия иброз намуд, ки “Бо вуҷуди пандемия ва маҳдудиятҳои мавҷуда, кишварҳои аъзои СҲШ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тавассути механизмҳои мавҷуда идома медиҳанд. Ҳамин тавр, 22 майи соли 2020 тавассути видеоконференсия таҳти раёсати Русия мулоқоти сарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Хеле муҳим аст, ки дар ҷараёни мулоқот Нақшаи муштараки амалиёт оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои давраи солҳои 2021-2022 қабул карда шуд. Изҳороти муштарак пас аз ҷаласаи 19-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои СҲШ аҳамияти татбиқи Нақшаи мазкурро барои расонидани кумаки тарафайн ва дастгирӣ дар рафъи пандемияи COVID-19 барои саноати сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ бештар намуд. Роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти таблиғи мероси таърихӣ ва фарҳангии давлатҳои аъзои СҲШ ва рушди иқтидори сайёҳии шаҳру ноҳияҳои онҳоро қайд карданд. Дар робита ба ин, ман мехоҳам лоиҳаи “Ҳашт мӯъҷизаи СҲШ” -ро қайд намоям, ки он як силсила презентатсияҳои мавзӯӣ мебошад, ки бо ибтикори Котиботи СҲШ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфтааст. Аввалин муаррифии он моҳи июни соли 2019 баргузор шуд. Ҳадафи лоиҳа пешниҳоди васеъи маъхазҳо ва лоиҳаҳои сайёҳӣ, маҳсулоти фарҳангию эҷодӣ ва хусусиятҳои сайёҳии кишварҳоямон тавассути муаррифии “мӯъҷизаҳои” миллии ҳамаи ҳашт давлати аъзои СҲШ мебошад. Татбиқи ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи дар доираи СҲШ ҷорӣ намудани амалияи эълон кардани яке аз шаҳрҳои давлати раисикунанда ҳамчун “Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ” муҳим мешуморам. Ҳоло мутахассисон рӯи ин санад кор мекунанд. Мо бесаброна тасдиқи онро дар доираи ҷаласаи сарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои аъзои СҲШ, ки қарор аст дар нимаи моҳи июл дар Душанбе баргузор шавад, интизорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раисикунандаи СҲШ дар солҳои 2020-2021 мебошад, инчунин, пешниҳод кард, ки моҳи июли соли равон Форуми сайёҳии СҲШ ташкил карда шавад. Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки ин чорабинӣ дар барқарорсозии барвақти сайёҳӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии одамоне, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд, саҳми муҳим хоҳад гузошт”.

3-4 июни соли 2021 дар формати рӯ ба рӯ ва видеоконфронс дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи навбатии коршиносони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот коршиносон масъалаҳои мубрами барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ дар заминаи пандемияи ҷаҳонии COVID-19 ва омодагӣ ба ҷаласаи сарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, Форуми сайёҳии СҲШ, Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки моҳи июли соли 2021 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима карданд.

Дар шаҳри Душанбе санаи 15-уми июли соли 2021 вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар вохӯрӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти сайёҳии Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023, масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19-ро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа доир ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои СҲШ табодули назар сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Душанбе Форуми сайёҳии давлатҳои СҲШ баргузор гардид. Дар Форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории Форум густариши фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ, барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19 ва мубодилаи афкор байни мутахассисон ва коршиносон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Татбиқи «Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022–2023» вазъи иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ-ро беҳтар намуда, барои ҷалби сайёҳон, ҷойҳои нави корӣ, муарифии маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ҷараёни Форуми сайёҳии давлатҳои СҲШ байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт. Форум ба табодули таҷриба ва рушди робитаҳо байни намояндагони шӯъбаҳо ва корхонаҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар фазои СҲШ, инчунин, омӯхтани вижагиҳои ташаккули маҳсулоти туристӣ дар кишварҳои узви СҲШ бахшида шуда буд. Дар доираи баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои СҲШ шоми 16 июл дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони баргузор гардид. Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмон бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид намуданд. Ҳадаф аз баргузории Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои аъзои СҲШ муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ мебошад.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс санаи 10-уми ноябри соли 2020 такид намуданд, ки “Дар заминаи ҳамкории башардӯстона Тоҷикистон ҳамчун раис, аз тамоми пешниҳодҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин, кор бо ҷавонон истиқбол хоҳад кард. Дар шароити кунунӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад”.

Дар ин замина такид намудан зарур аст, ки давлатҳо аъзои СҲШ дорои як иқтидори азим барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошанд, ки ҳанӯз азхуд карда нашудааст. Аз ин рӯ, фаъолияти давлатҳои аъзои СҲШ бояд ба эҷоди ҷараёни устувори сайёҳӣ дар роҳи таърихии Абрешим равона карда шавад, ба рушди сайёҳии наздимарзӣ ва тиҷорати байни давлатҳои аъзои СҲШ ва минтақаҳои дигар мусоидат намоянд, ҷонибҳои гуногуни манфиатдорро барои баланд бардоштани самараи кори муштарак шомил кунанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ худ бояд дар таблиғи минтақа бо таъкид ба вижагии он фаъол бошанд. Чунки дар замони мусоир сайёҳии байналмилалӣ яке аз шаклҳои босуръат инкишофёбандаи савдои байналмилалӣ мебошад. Дар иқтисоди як давлати муайян он як қатор вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад: он манбаи даромади асъор ва воситаи таъмини шуғли аҳолӣ мебошад; дар тавозуни пардохт саҳм мегузорад; ба диверсификатсияи иқтисодиёт тавассути расонидани таъсири ҳавасмандгардонӣ ба соҳаҳои хизматрасонии бахши сайёҳӣ мусоидат мекунад; ҷолибияти кишварро ҳамчун соҳаи соҳибкории байналмилалӣ ва ҳамкории тиҷоратӣ баланд мебардорад; барои вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳавасманд мекунад. Таҳлили нишондиҳандаҳои хароҷоти даромаднокии сайёҳӣ аз табдил ёфтани он ба яке аз соҳаҳои пешбари иқтисоди ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Дар робита ба ин, аксар давлатҳо аҳамият ва даромаднокии баланди рушди сайёҳиро дар кишварҳои худ дарк намуда, ба маъмурияти сайёҳии миллӣ барои таблиғи маҳсулоти сайёҳии миллӣ маблағҳои калон ҷудо мекунанд. Ин таҷрибаро бояд давлатҳо аъзои СҲШ дар кишварҳои худ мавриди корбурд қарор диҳанд. Дар ҷаҳон бисёр чорабиниҳои намоишӣ баргузор мешаванд, ки ин ё он роҳи марбут ба сайёҳӣ мебошанд. Биржаҳои сайёҳии байналмилалӣ бояд махсус зикр карда шавад. Инҳо чорабиниҳои намоишӣ мебошанд, ки дар онҳо дар баробари таблиғи сайёҳӣ, корҳои фаъол оид ба барқарор намудани робитаҳо ва бастани аҳдҳо байни хизматрасонандаи сайёҳӣ (меҳмонхонаҳо, ширкатҳои нақлиётӣ) ва ширкатҳои сайёҳӣ низ амалӣ карда мешаванд. Чунин биржаҳо одатан давраи таблиғи фаъолонаи турҳои барои соли оянда эълоншударо мекушояд ё ба охир мерасонад. Бузургтарин намоишгоҳҳо ва биржаҳои сайёҳии байналмилалӣ инҳоянд: биржаи байналмилалии сайёҳӣ дар Берлин (International Tourismus Borse, ITB); ярмарка-биржаи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии FITUR дар Мадрид; биржаи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Лондон (World, Travel Market, WTM); биржаи байналмилалии сайёҳӣ дар Милан; намоишгоҳи байналмилалии “Сайёҳат ва Сайёҳӣ” дар Маскав (MITT) ва ғайра. Бинобар ин давлатҳо аъзои СҲШ низ бояд биржаи байналмилалии сайёҳии худро таъсис диҳанд.

 Сангинов Дониёр Шомаҳмадович, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор