ЭЪЛОН!

20

Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни тарҷумонӣ эълон мекунад, ки аз 25 то 29 сентябри соли 2024 баргузор мешавад. Озмун ба Рӯзи байналмилалии тарҷумонон бахшида шудааст, ки дар он ба беҳтарин тарҷумаҳои наср, шеър ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ ва беҳтарин рӯзномаҳои деворӣ баҳо дода мешавад. Дар озмун на танҳо донишҷӯёни ихтисосҳои забони русӣ, балки тамоми донишҷӯёни ДМТ метавонанд ширкат варзанд.