ҶАНБАҲОИ ХЕШТАНШИНОСӢ ВА МЕҲАНПАРАСТӢ ДАР СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНА ВА МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

230

“Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Пешравӣ ва ободии мамлакат аз роҳбари оқилу кордон, ватандӯст, инсондӯст, маорифпарвар ва сулҳпарвар вобаста аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар тӯли 32 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намудааст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон, баъди расидан ба Истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашт. Пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа – иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аз солҳои нахустине, ки мардуми тоҷик таҳти роҳбарии сарвари раиятпарвараш Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, дар тамоми самтҳои ҳаёт тағйироти куллӣ ба миён омад.

Яке аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат – беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ, яке аз дастовардҳои беназире мебошад, ки миллати тоҷик бо кӯшишҳои зиёди фарзандони барумандаш ба даст овардааст.

Бо сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор муваффақиятҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва илмӣ ба даст оварда шуд ба мисли қабули санадҳо ва қонунҳои муҳими пешбарандаи ҷомеаи муосир.

Барои тарбия намудани ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси эшон баҳри инкишофи соҳаи илму маориф, дарёфт намудани истеъдодҳои навини илмӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва ғайраҳо миёни хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон, шаҳрвандони кишвар, омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман шаҳрванандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ тӯли чанд сол мешавад, ки эълон гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни ноҳияи Данғара дар “Рӯзи дониш” 01.09.2023 таъкид намуданд, ки:

“Мафҳуми сулҳу ваҳдат ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ минбаъд бояд ҳамчун василаи муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамаҷониба ба кор гирифта шавад. Зеро дар замони пуртазоди имрӯза масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти хосса касб карда, танҳо инсони дорои тафаккури миллӣ қодир аст, ки барои ҳимояи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар арзишҳои милливу умумибашарӣ бо иродаи қавӣ талош варзад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки он хизматҳое ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҷомеа ба анҷом расонида истодаааст, баҳри шукуфоии кишвари азизамон мусоидат менамояд. Ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии ин шахсияти бузург ояндаи дурахшон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб мебошад. Бо аксарияти кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаи хуберо барқарор намудааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо ҷавонони фаъоли кишвар мактаби даватдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меомӯзанд ҳатто дар хориҷи кишвар низ сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат омӯхта мешавад.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».

Мо ҷавонон, ки Пайравони Пешвои миллат ҳастем ваъда медиҳем, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия гардидани ҷавонон саъю кӯшиш намуда, ватани ободу осудаамонро ҳифз менамоем!

Маджидзода Аноргули Раҳмоналӣ – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Одиназода Фарида Абдулваҳоб – эдвайзери шакли таҳсилоти фосилавии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.