Имрӯз (27.09.2023) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус самтҳои гуногуни фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки самти омӯзиши забони русӣ роҳҳои нави усули таълимро талаб менамояд ва лозим аст, ки дар заминаи факултет Синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ ташкил карда шавад. Гуфта шуд, ки тахсиси ихтисоси русӣ-англисӣ дар факултет баҳри амали гаштани иқдоми мазкур саривақтӣ мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ омода намудани мутахассисони донандаи хуби забони русӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонро муҳим арзёбӣ намуда, дар баробари таъсиси Синфхонаи лингофонӣ баҳри омӯзиши забонҳои русию англисӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад, инчунин, ба роҳ мондани курсҳои забономӯзиро миёни донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла миёни донишҷӯёни дар хобгоҳҳо истиқоматкунанда зарур шумориданд.
Ректори донишгоҳ баҳри беҳтар намудани самтҳои гуногуни фаъолияти факултет, аз ҷумла самтҳои илм, таълим, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ба коллективи факултети мазкур дастурҳои мушаххас дод.