Муовини декан оид ба таълим

Амонов Хасан Оймахмадович

Вазифа: муовини декан оид ба корҳои таълимӣ

Ихтисос: забоншинос-тарҷумон

Маълумот барои тамос:

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.

Душанбе, шахри студентон, бинои 10

Телефон: 902-33-56-66

Почтаи электронӣ: amonovhasan97@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

   15 феврали соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2015 то соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм кардааст. Соли 2020 ба шуъбаи ғоибонаи магистратураи факултети филология, журналистика ва технологияи воситаҳои ахбори оммаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон қабул гардида, онро соли 2022 хатм намудааст.

       Фаъолияти меҳнатиашро соли 2020 ҳамчун ассистенти кафедраи забон ва адабиёти руси факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оғоз намудааст. Солҳои 2022–2023 дар вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи техникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намудааст. Дар соли 2023 ба ҳайси ассистенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.

        Аз моҳи феврали соли 2024 то имрӯз дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.